Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Бинобар ин, дар асоси таҳлилҳои аналитикӣ хулоса бароварда, қарори маъқул қабул намудан муҳим аст, чунки стратегияи ташкилот аз тағйиротҳои локалӣ ва глобалии иқтисодӣ, аз ҷумла, беқурбшавии пули миллӣ, болоравии андозҳо ва нархҳо, номунтазам пеш рафтан ва ё бозмондани иқтисодиёт омилҳои боздорандаи рушди соҳибкорӣ вобастагӣ дорад. Дар вақти банақшагирии бӯҳонӣ нақшаи стратегӣ ҳамаи ин омилҳо ба инобат бояд гирифта шаванд.
Омили дигар, ки мо дар атрофи он каме дар охири мавзӯи гузашта гуфта гузаштем ин тағйироти босуръати технологӣ мебошад.
Мутаносибии инкишофи коммуникатсионӣ ва технологияи компютерӣ доимо муҳити корини ташкилотро тағйир дода меистад. Тағйиротҳое, ки дар натиҷаи ворид сохтани технологияи пешқадам ба вуҷуд меояд ва то чӣ андоза ба муҳити коммуникатсионӣ таъсир мерасонад, пешакӣ аз тарафи роҳбарияти ташкилот, менеҷер — пешво таҳлил карда шуда, бояд ба кормандон фаҳмонда дода шаванд. Хуб мебуд, ки агар ташкилот газета ва ё варақаи ахборотии худро медошт ва яке аз аъзоёни даста оид ба ин навоварӣ пурра ва соддатар иттилоъ медоданд. Аз менеҷер-пешво талаб карда мешавад, ки пайваста ахбори навинро бихонад, то аз ақида ва равандҳои нав бохабар бошанд.
Аксари ташкилотҳои байналхалқӣ дар шароити тағйирёбандагии қонуниятҳо аллакай стратегияҳои махсуси худро доранд. Агар Шумо дар ташкилотҳои давлатӣ кор кунед, бояд ба тағйирёбии вазъияти сиёсӣ низ диққат диҳед.
Дар ҳама ҳолатҳо ҳар як ташкилот бояд қонунҳои амалкунанда, махсусан, қонун дар бораи меҳнат, кодекси гражданӣ ва дигар қонунҳои конститутсиониро риоя намоянд.
Дар шароити иқтисоди бозорӣ қувваи асосии ҳаракатдиҳандаи соҳибкорӣ мизоҷон мебошанд. Маҳз омӯзиши он, ки барои чӣ мизоҷон молатонро мехаранд, доир ба ҳар як моле, ки мебароред, бояд пурра таҳлили худро ёбад.
Таҳлили афзояндагии онҳо дар 3-4 соли охир, хоҳишу дархост сабабҳои зиёдшавии мизоҷон ва ё камшавии онҳоро, равшан месозад. Барои ҳаловат бурдан аз хизматрасонӣ худро ба ҷои мизоҷон гузошта, андешаронӣ ва таҳлил намоед. Албатта харидорон — мизоҷон, вақте ки молро мехаранд, дар навбати

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо