Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
-
Дар хотир дошта бошед, ки муносибатҳои аксари одамон нисбат ба Шумо вобаста ба ҳолатҳо дигар мешаванд.
-
Ҳар як чиз ҳокимият, роҳбарӣ, мол, лоиҳа давраи болоравӣ ва поёнравӣ дорад ва Шумо ба он тайёр бошед. Ҳар чиз ва ҳама дар олами моддӣ муваққатӣ буда, хоҳ, нохоҳ чизи нав ҷои онро иваз мекунад.
Амалигардонии бевоситаи лоиҳа дар асоси қарорҳои идоракунӣ сурат мегирад. Пеш аз он ки Шумо қарори идоракунӣ қабул менамоед, боварӣ ҳосил намоед, ки Шумо факту рақамҳои дурусту пурраро доред. Аз тарафи дигар, барои он ки доимо қарори дуруст қабул намоед, тартиботро ҷорӣ намуда, онро риоя намоед. Доимо дар ҷараёни кор кӯшед, ки тамоми нишондиҳандаҳо ва муаммоҳоро дар асоси мувофиқа бо даста ҳаллу фасл намоед. Ҳар як варианти корро, ки пайдо мегардад, бояд баҳои иқтисодию иҷтимоии худро саривақт гирад ва таҳлили ҳаматарафа ёфта бо дастовардҳои дигарон муқоиса шавад.
Яке аз унсури асосии идоракунии лоиҳа ин ахбор мебошад. Ҳар як аъзои даста бояд доимо калиди ахборро оид ба ҳар як ҳолати лоиҳа дошта бошад. Хуб мебуд, ки агар хатоҳои ахборие, ки дар лоиҳаҳои пешина шудаанд, маротибаи дуюм такрор нашаванд. Ҳар як ахборе, ки оид ба лоиҳа мегиред, бароятон бояд як раванди арзишию захиравӣ бошад ва онро коркард карда бойгонгузорӣ намоед. Доимо назорат намудан лозим аст, ки ахбор наву тоза бошад.
Ахбори лоиҳавиро ду тақсим намудан мумкин аст:
-
Ахбор оид ба лоиҳа.
-
Маълумот оид ба иҷроиши кор ва ҳолатҳо.
Барои он ки Шумо як «маркази асаби электронии лоиҳаҳо» ташкил намоед, бояд ҳар як аъзои даста аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ оид ба ахбор хабардор бошад ва донад, ки кадом ахборро ба ин система ворид кунад. Системаи асаби электронии лоиҳа бояд аз барномаҳое иборат бошанд, ки онҳо ҷараёни амалигардонии барномаро таъмин карда тавонанд. Аз маълумотҳои зиёди нодаркор системаро нигоҳ доред. Яке аз аъзоёни дастаро ҳамоҳангсози ахбор таъин кунед, ки ӯ ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва ахборро гирд оварда, ба Шумо пешниҳод менамояд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо