Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Агар аксари аъзои даста ягон хоҳиши хурд дошта бошанд, ҳатман иҷро намоед, чунки мақсади асосии Шумо натиҷаи охирин мебошад, на фақат баъзе ҳолатҳо.

  2. Агар Шумо ҳис намоед, ки тақдири иҷрои лоиҳа дар хатар аст, бо фикри худатон қатъӣ бошед.

  3. Дар ҳолати муноқиша варианти беҳтаринро ёфта пешниҳод намоед.

  4. Навовариро намоиш дода ҳавасманд гардонед ва ақидаи навро пешниҳод намоед.

Барои он ки Шумо пешво будани худро дар амалигардонии лоиҳа нишон диҳед, чунин корҳоро бояд иҷро намоед:

  1. Ҳаракат намоед, ки ҳама барои иҷрои мақсади асосӣ ҳавасманд бошанд.

  2. Танқидро дар асоси далелу рақамҳои аниқ истифода бурда, кормандони фаъол ва корҳои хуби ба анҷом расидаро низ фаромӯш накунед.

  3. Доимо оид ба фаъолияти аъзоёни даста дар асоси коммуникатсияи баръакс назорат намоед. Мисол, дар шакли ҳисоботдиҳӣ.

  4. Доимо ақидаи навро дар даста дастгирӣ намуда, онро ҳамчун «захираи ақлонӣ» истифода намоед.

  5. Аз аъзоён пайваста талаб намоед, ки намуна бошанд.

  6. Навоварии фардӣ ва коллективиро инкишоф диҳед. Бо роҳи ташкили конфронс ва семинарҳо, ташкили курсҳои баландбардории ихтисос ба камолоти касбии кормандон диққат диҳед.

  7. Дастовардҳои аъзоёни дастаро қадр намуда, дар назди дигарон мунтазам таъриф намоед.

  8. Нисбати ҳар як аъзои даста адолатхоҳ бошед.

  9. Ба ҳама назари якхела дошта, аз худ шахсони бемасъулият ва эркаҳоро дур созед.

  10. Иззату эҳтироми худро барои ҳалли муноқишаи дохила ва беруна истифода баред.

  11. Доимо ҳаракат намоед, ки аъзоёни даста барои худашон проблема наёбанд.

пешина
аз 522
навбатӣ