Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
- Амалигардондаи ақидаҳо.
- Нозир.
- Мутахассис оид ба ташкили даста.
- Мунаққиди даста.
- Мутахассис оид ба муносибатҳои беруна.
Дар оғози лоиҳа ҳатман роҳбарони ташкилоти болоӣ даъват карда мешаванд. Дар бораи сар шудани лоиҳа ҳуҷҷат - ҳисобот тартиб дода, мусаввадаҳои дастаро бояд нишон дод. Дар поёни ҳуҷҷат имзо гузоштан лозим мебошад.
Дар таърихи санъати роҳбарӣ якчанд усулу роҳҳои он нишон дода шудааст, валекин тайёр кардани лоиҳа ва нақша, ки дар асоси усулҳои демократӣ сурат гирифтааст, намегузорад, ки Шумо усули бюрократӣ, ё худ автократиро истифода намоед. Бартарияти усули демократӣ дар он аст, ки иззати аъзоёни дастаро нигоҳ дошта ҳисси масъулиятшиносии онҳоро баланд мебардорад.
Бояд қайд кард, ки кор бо гурӯҳ, ё даста характери миллӣ низ дорад.
Мисол, менеҷерони Англия гурӯҳи хурди наздикони худро, ки кормандони асосии лоиҳа мебошанд ҷамъ намуда, машварат мегузоранд. Дар Амрико бо иштироки ҳамаи аъзоёни даста, дар Ҷопон ва Чин қарорро дар асоси муҳокимаи дуру дарози ҳаматарафаи тамоми коллективи ташкилот қабул менамоянд.
Менеҷероне, ки дар лоиҳаи нав корро сар мекунанд, бояд услуби роҳбарии худро дигар созанд.
Аз сабаби он ки ҳар як аъзои даста хислату характер ва усули кории худро доранд, аз роҳбар талаб карда мешавад, ки усули кории худро дар алоқамандӣ ба усули кории аъзоёни даста мувофиқ созад. Мисол, усули огоҳ кардан, ё худ ҳар замон ислоҳ намудани корманд доир ба иҷрои корҳо, бо саволҳои Оё Шумо истифода мебаред?, Ин чӣ натиҷа медиҳад?, Боз роҳҳои дигар ҳаст? ва амсоли ин.
Барои боварӣ доштан ба иҷрои кори самараноки даста талаботҳои зерин зарур аст.
- Дар ёд дошта бошед, ки даста ҳамон вақт Шуморо гӯш мекунанд, ки ба натиҷаи корашон ҳавасманд бошанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо