Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Самаранокии коммуникатсияро доимо нигоҳ дошта, пайваста ба аъзоёни даста фаҳмонда диҳед, ки онҳо чӣ мехоҳанд ва чиро бояд донанд. Аз системаи иттилоотии пешқадами электронӣ ва почтаҳои электронӣ самаранок истифода баред. Аъзоёнро имкон диҳед, ки фикрашонро озодона ва рӯирост гуфта тавонанд. Доимо одамонро то охир гӯш кунед ва баъдан фикри худро баён созед.
Дар таҷрибаи соҳибкорӣ ҳолатҳое мешаванд, ки нақшаи ҳаматарафа муҳокимашуда низ иҷро намегардад. Бинобар ин доимо ташкили «мониторинг»
имкон медиҳад, ки камбудиҳо саривақт иҷро гарданд. Дар ҳама ҳолат назораткунӣ аз болои ҳолат ва ҷараёни кор нигоҳ доред. Ҳар як ҳолатро таҳлил намуда, иҷроишро аз рӯи нақша ва ҷадвали муайян муқоиса намоед. Маҳз мониторинги самаранок имкон медиҳад, ки ахбори пурра ҷамъ намуда, пешравиро бо мақсадҳо муқоиса намуда, ислоҳот ворид созед.
Яке аз усули ташкили мониторинг, ин ҳисоботи саривақтӣ мебошад.
Ҳамаи аъзоёни даста оид ба кори иҷрошуда бояд ҳисобот нависанд, ки пурраи мазмундор бошанд. Шумо ҳамчун менеҷер ҳисоботҳоро хонда аз рӯи он ба роҳбарияти болоӣ гузориш пешниҳод менамоед.
Тартиби гузаронидани маҷлиси ҳисоботӣ бо мақсади қайд кардани дастовардҳо ва давраҳои корӣ бояд дар ҳама давраҳои лоиҳа гузаронида шаванд.
Гузаронидани чунин маҷлисҳои ҷамъбастӣ имкон медиҳад, ки ҳамаи аъзоёни даста оид ба рафти иҷрои кор ахбори боваринокро соҳиб гарданд.
Ҳангоми гузаронидани маҷлис кӯшиш намоед, ки ҳар як аъзои даста оид ба паҳлӯҳои гуногуни лоиҳа фикрҳои худашонро гӯянд. Дар ин ҳолатҳо баромадҳо ва умуман маҷлис набояд дуру дароз ва дилгиркунанда бошад. Дар мавриди ноил гаштан ба муваффақиятҳо дастаро ҳавасманд кунед.
Маҷлисҳои ҳисоботӣ ду намуд мешаванд:
-
Маҷлиси доимии моҳона.
-
Маҷлисҳое, ки ба муносибати ягон чорабиниҳо гузаронида мешаванд.
Бояд қайд кард, ки дар маҷлисҳои ҳисоботӣ бояд шахсоне иштирок намоянд, ки масъалаҳо ба кору бори онҳо тааллуқ дошта бошанд. Инчунин агар ягон масъалаи тасдиқи бизнес-нақша, ё худ буҷет гузошта шуда бошад, он гоҳ бояд аз роҳбарони болоӣ низ иштирок намоянд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо