Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Омӯзиши ҳолатҳои дар боло овардашуда ба мо имкон медиҳанд, ки ноҳираҳои менеҷментро барои бартараф намудани муноқиша аниқ ва имконоти ба мақсадрасиро муайян намоем.

Барои таъмини инкишофи босуботи менеҷменти ташкилот нигоҳдории муҳити солими корӣ зарур буда, бояд системае вуҷуд дошта бошад, ки доимо ин муҳитрро нигоҳ дошта тавонад.

Чунин ривоят мекунанд, ки шогирде ба хонаи файласуфи бузург Суқрот барои зиёрати устод меравад. Ҳамсари устод шогирдро пешвоз гирифта, аҳвол мепурсад ва таъкид мекунад, ки устод он қадар бузург нест, чуноне ки мардум мегӯянд ва боз чанд суханҳои қабеҳро дар ҳақи устод иброз намуда, шогирдро дар ташвиш мемонад. Азбаски шогирд аз роҳи хеле дур омада буд, хоҳиш менамояд, ки устодро бубинад, аммо ҳамсари устод мегӯяд, ки ӯро ман ба ҳезум равон намудам. Шогирд ба ҷангал ба назди устод раҳсипор мегардад ва мебинад, ки устод дар пушти паланг ҳезум оварда истодааст. Сирро аз устод мепурсад ва чунин ҷавоб мегирад: «Вақте ки шуморо аз хона гург гусел менамояд, шумо бояд бо паланг баргардед». Дар ҳақиқат барои ғалаба кардан аз болои қувваи бадӣ, боз қуввае лозим мебошад, ки нисбати он қувва имконоти зиёдтар дошта бошад.

Менеҷменти ташкилотро лозим аст, ки бо роҳи эволютсионӣ низоми дурусти корӣ, муҳити хуби этикӣ ва худнигоҳдорию худислоҳшавие пайдо намояд, ки дар он имконоти пешравии ташкилот, омӯзиш ва инкишофи босубот таъмин гардад.

Вақте ки дар ташкилот чунин арзишҳо пайдо мегарданд, ҷамъияте ба вуҷуд меояд, ки соҳиби пешвои худ буда, навовариҳои баланди илмию амалӣ, ҷараёни озоди меҳнатии самаранок, дастгирии ҳамдигарӣ, ҳақиқатпарастӣ, хирадмандию инсондӯстӣ ва боварӣ арзи вуҷуд намуда, барои рафторҳои бад ҷой намемонад. Аз тарафи дигар системае пайдо мегардад, ки барои муноқиша номувофиқ буда, ҳолати солими рӯҳӣ ҳукмфармо мегардад. Ҳар як система талаботҳои худ, яъне саривақт муайян намудани камбудиҳо, аниқ кардани сабабҳо ва роҳҳои пешгирии онҳо, ҷорӣ намудани навовариҳо ва таъмини муҳити эҷодӣ доро мебошанд.

пешина
аз 522
навбатӣ