Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

36.1. Омӯзиши ҳолатҳои муноқиша ва сарчашмаҳои
сар задани он

Фаъолияти менеҷменти ҳар як ташкилот се ҳолати асосии низомро мушоҳида намудан мебошад:

  1. Тартибот ва ташкили дурусти фаъолият.

  2. Беназоратӣ ва муноқиша.

  3. Мувозинат ва худислоҳшавӣ.

  4. Тартибот ва ташкили дурусти фаъолият, иҷрои масъалаҳои муҳими ташкилот иҷрои бетанаффуси ӯҳдадориҳо ва вазифаҳо буда, низоми мунтазами меҳнатиро таъмин месозад.

  5. Беназоратӣ ва муноқиша, муайян сохтани унсурҳои система мебошад, ки фаъолияти хуб надоранд ва барои пешравии кори ташкилот халал мерасонанд, инчунин аз байни онҳо ҷудо карда гирифтани унсурҳои хубе, ки аз муноқиша бармеоянд, яъне аз рӯи шиори халқии «То бадро набинед, некро нафаҳмед» амал карда, менеҷменти корхона фаъолияти худро ба зинаи сеюм тайёр менамояд.

  6. Ҳолати мувозинатӣ ва худислоҳшавӣ, баъд аз он ки унсурҳои баланси мусбию манфии ташкилот муайян мешавад, пайдо мегардад. Менеҷменти ташкилот бояд сабабҳои бенизомӣ ва ноӯҳдабароии кормандон, инчунин унсурҳоеро, ки барои пешравии кор халал мерасонанд, аз байн бурда, баланси қувваҳоро аз рӯи қоидаҳои нав ба роҳ монад.

Аз се ҳолати дар боло қайдшуда бармеояд, ки менеҷменти ташкилот бояд баробарии байни беназоратӣ ва тартиботро муайян сохта, имкони омӯзиш, инкишоф ва ҳавасмандиро пайдо намояд.

Ташкилот чунин механизмро барпо сохта, аз куҷо пайдо шудани муноқиша, унсурҳо ва сабабҳои онро таҳлил менамояд, то дар оянда он такрор нашавад, яъне дар ташкилот меъёрҳои тартиботии аниқро муайян ва вайронкунандагони низому ташкилкунандагони муноқишаро аниқ намуда, пеши роҳи онро гирифтан қуллай мебошад.

пешина
аз 522
навбатӣ