Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Аз дигар тараф ахбори баръакс низ яке аз унсурҳои асосии система бо бояд доимо дар муҳокима ва таҳлил қарор дошта бошад. Дар натиҷа мемо чунин имкон пайдо менамояд, ки қарори идоракунии оҷилӣ ва стра дурустро қабул намуда, аз ҳар гуна муноқиша дар канор бошад.

Бояд қайд кард, ки ҳар қадар «Зинаҳои идоравӣ» зиёд бошад, ҳа қадар дар ташкилот ахбори дуруст гирифтан мушкил мегардад, чунки дар ин зина мо ба қувваҳои бюрократии номақбул дучор мешавем, ки ахбор мазмуни худро гум мекунад, ё ки муҳлати зарурии он гузашта, нолозим шуда мемонад.
Ин боиси ҳал нагаштани проблема шуда, ҳолатро муташанниҷ менамояд.

Аз тарафи дигар ин алоқаи рӯякии кормандон ва нигоҳи хизматӣ нарос буда, ҳақиқати ҳолро баҳогузорӣ намесозад, чунки ҳеҷ коргари эҷодӣ қобил намехоҳад худро дар назди роҳбари болой бад нишон диҳад, яъне ӯ дар ҳ маврид ахбори ҳақиқиро не, балки ахбореро пешниҳод менамояд, ки ба худи ӯ маъқул мебошад. Дар натиҷа системаи бюрократӣ ва автократии роҳбарӣ мустаҳкам гашта, оқибат ба норозӣгӣ ва муноқишаи коллектив оварда, менеҷ менеҷментро аз байн мебарад.

Муаммои дигари чунин алоқаи менеҷмент дар он аст, ки вай камолоти куҷо пайдо шудани чунин ахбор ва мақсаду мароми ин ахбори нодурусту саривақт дониста наметавонад.

Аксар маврид бисёр роҳбарон баъди аз вазифа рафтанашон пушаймонӣ ва афсӯси онро мехӯранд, ки барои чӣ ба ин ё он омил диққат надоданд, дар он ки дар вақти роҳбарӣ онро бо осонӣ ислоҳ кардан мумкин буд.

Дар ин ҳолат ахбордиҳанда низ хеле устокорона ва эҳтиёткорона сухан мегӯяд, то ки ахбор манбаи аксуламал нагардад, яъне дар ин маврид, ҳам менеҷменти ташкилот ахбори дурустро гирифта наметавонад ва аз рӯи қоидаи «Сардор доимо дуруст мегӯяд» амал карда, аз ҳолати воқеии ташкилот хелӣ дур мемонад.

Талаботҳои иқтисодии бозорӣ, пеш аз ҳама дар ҷамъияти демократии
ҳуқуқбунёд устуворона пеш рафта, алоқаи зичи якдигарфаҳмӣ,
якдигарҳурматиро дар асоси арзишҳои баланди инсонӣ талаб менамояд, ки дар
ҷараёнҳои боварӣ, гуфтугӯи озод, пазируфтани қобилият, баҳо додани арзишҳо

пешина
аз 522
навбатӣ