Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Таҷрибаи таърихӣ гувоҳ аст, ки аксари ихтироотҳо аз гуногуншаклии идея ва фикрҳо оид ба ҳодисаҳо пайдо гаштаанд. Мисол, химики машҳур Фридрих Кекул ногоҳ маълум намуд, ки думи морҳои ӯро дар хоб газида ба алоқамандии сохтори химиявии пайвастагиҳои органикӣ монанд буд. Чунин як кашфиёт химикро ба чунин хулоса овард, ки пайвастагиҳои бензолӣ системаи кулпода не, балки низоми сарбастаи химиявӣ доранд. Ҳамчунин Перси Спенсер алоқамандии гармии дар шишачаи тоновӣ пайдошударо ба гармии тайёр кардани хӯрок муқоиса намуда, имкон пайдо кард, ки санъати калони печҳои микромавҷиро ихтироъ созад (1942 с).
Дӯстон ва шогирдоне, ки ҳамроҳи Перси Спенсер кор мекарданд, чунин менависанд, ки «Ӯ як хусусияти хоси фикрронӣ дошт. Баъзе фикрҳо лойиҳадошташ якукбора ба сараш меомаданд».
Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки ҳар гуна монеаҳои концептуалӣ дар ҳолатҳое пайдо мегарданд, ки агар маҳдудияти ақидаҳо дар ташкилот ҷой дошта бошанд. Маҳз маҳдудияти ақидаҳои нав, консерватизми идорӣ намегузорад, ки Шумо ва ташкилотатон ба муваффақиятҳои калон ноил гарбед ва дар натиҷа аз инкишоф қафо мемонед. Сабаби гузаштани маҳдудиятҳо низ инке аз нишонаи ахбори нокифоя доштани роҳбарон буда, ба равандҳои санъати менеҷмент куллан зид мебошанд.
Яке аз хислатҳои хоси одамӣ дар доираи маҳдуди донишу фаҳмиши худ андешаронӣ намудан буда, бо берун баромадан аз он доира гӯё масоил ҳалли худро намеёбад. Худи ӯ ҳалли масъаларо дарк намекунад ва намехоҳад, ки каси дигар ин масъаларо ҳал намояду ин ба имидҷи ӯ зарар расонад. Аммо дар санъати менеҷмент таъкид карда мешавад, ки аз чунин ақидаҳо худро озод намуда, доимо аз имконоту фикру ақидаҳои дигар шахсиятҳо истифода баред. Зери муҳити муҳимтарини ташаккули шахсият ҷомеа ва умуман муҳити иҷтимоӣ аст ва дар баробари ин шахсият, фард метавонад ба ҷомеа таъсири мусбат расонад. Чунончи Муҳаммад Иқбол гуфтааст:
Фардро рабти ҷамоат раҳмат аст, Ҷавҳари ӯро камол аз миллат аст.
То тавонӣ бо ҷомаат ёр бош, Равнақи ҳангоми аҳрор бош.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё