Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
парвоз кардан мебошад, ягон занбӯр аз даҳони шиша набаромада, то кушодани охирон худро барои талоши рӯшноӣ ба танаи шиша за- да, нобуд мегарданд».
Бояд қайд кард, ки агар доимо доир ба ҳалли масъалаҳо дониш ва малакаи касбӣ ва усули эҷодкориро истифода набарем ва дониши худро сайқали надиҳем кордонии мо оҳиста кӯҳна шуда, моро аз фаъолият боз мемонанд.
Эҷодкорӣ бояд ҳамчун ҷараёни кории ҳар як менеҷер бигардад.
Ба ақидаи аксар олимон монеаи асосии усули эҷодии ҳалли масоил, таҳлил кардани шахсият ба таҷрибаи кӯҳнашудаи хеш ва нигоҳи нодурусте, ки гӯё имрӯз ҳамон масъалаҳо бошанд. Мо хатои сахт содир менамоем, агар чунин ақидаро дошта бошем, ки ин масъалаҳо ҳамон падидаҳои замони гузашта мебошанд. Гӯё мо дар ҷавонӣ, ё умуман дар давоми умр бо онҳо рӯбарӯ шуда бошем, аммо дар асл чунин нест.
Солҳои пешин ба ин масоил мутахассисон кам диққат медоданд. Маълум гардид, ки таъсири ин омил дар ҳалли эҷодии масоил хеле калон аст.
Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки чунин нигоҳи шахсият назари пешомади қолабӣ мебошад. Вақте ки инсонро масоили якум азоб медиҳад ва он ҳалли худро пайдо накарда, масъалаи дуюм ба миён меояд, фикр мекунад, ки ин як натиҷаи таъсири масоили якум мебошад. Чунин нигоҳ намегузорад, ки ин шахс ба масоил аз нигоҳи нав назар намояд.
Ин маънои онро надорад, ки гӯё мо таҷрибаи гузаштаро инкор менамоем, лекин истифодаи тарзу усули кӯҳна ва таҷрибаи гузаштаи қафомонда ками имконият медиҳад, ки ба ин ё он масоил нигоҳи нав дошта бошем.
Хислати дуюми ақоиди нав ва эҷодкорӣ дар он мебошад, ки на ҳама вақт аз тарафи ҷамъият ва ҳатто атрофиёни хеш дастгирӣ меёбед. Чунин хислат ба аксари ҷомеаи ҷаҳонӣ хос мебошад. Аз тарафи дигар ҳар як инсон доири ин ё он масоил нигоҳи аниқи худро дорад, ки шояд дар муносибатҳои байниякдигарӣ мушкилӣ ва ҳатто зиддиятҳои оштинопазирро ба вуҷуд оранд.
Қобилияти эҷодкоронаи шахсият низ дар он зоҳир мегардад, ки барои ҳалли як масъала якчанд роҳҳою воситаҳоро фикр карда мебарояд, яке аз он роҳҳо метавонад барои ҳамон лаҳза ё ҳолат рост ояд. Албатта, шахсе ки чунин қобилиятро надорад, ҳалли масъалаҳое ки дар ҷараёни ҳаррӯзаи роҳбарӣ пайдо гашта, барои ӯ хеле мушкил мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё