Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Фарду қавм оннан якдигаранд,
Силку гавҳар Каҳкашону ахтаранд.
Фард мегирад зи миллат эҳтиром,
Миллат аз афрод мегирад низом.

Маҳз эҷодкорӣ низ шаклҳои гуногуни ҳалли масоилро талаб карда, интихоби шакли муфидро таъмин мегардонад.

Камбудии дигари ин маҳдудиятҳо дар он мебошад, ки намегузоранд то паҳлӯҳои гуногуни масоил таҳлили амиқро пайдо намоянд. Маълум аст, ки масъала бевосита пайдо намегардад, вай ҳатман ба омиле, шахсе ё худ қисмати вобастагии зич дорад. Барои ҳалли ин гуна масоил, зарур аст сабаби пайдоиши онро аниқ созем, яъне ростро аз дурӯғ, чизҳои заруриро аз нолозим ҷудо кунем, баъдан проблемаро озоду кушод муҳокима намуда, ҳалли эҷодии онро ёбем, ки барои мақсадҳои стратегии мо мувофиқ бошад ва натиҷаи дилхоҳ диҳад.

Муаммои дигари пайдо шудани нерӯи консерватизм хоҳиши фикркунӣ ва навоварӣ надоштани худи роҳбарон мебошанд. Маҳз яке аз сабабҳои нобиноӣ, надоштан, хоҳиш надоштан, ё худ ҳавасманд набудани роҳбар мебошад. Аз ин вақт роҳбарони баландмақом ё худ табақаи миёнаи менеҷмент аз пурсидан шарм дошта, ҳамин тариқ нодонии худро пинҳон месозанд, вале онҳо наҷот наменамоянд, ки худи ҷавоб пайдо накардани роҳбар ва ҳалли худро наёфтани проблема гувоҳи нодонии ӯ мебошад.

Дуруст аст, ки ҳалли эҷодкоронаи масоил дорои таваккалкории муайян низ мебошад ва он метавонад ба моҷаро оварда расонад, чунки вақти таваккал кардан, нишонаҳои номаълумӣ ё баъзе хатоҳои хурду миёна пайдо мешаванд. Ба гуфтаи олими шинохта, ҷоизадори мукофоти Нобелӣ Лайнус Полинг ғабр:
«Шумо хоҳед, ки ақидаи хуб дошта бошед, бояд онҳо хеле бисёр бошанд, чунки қисми зиёди онҳо хуб намебароянд».

Лекин таҷрибаи соҳибкорон ва ташкилотҳои калони байналхалқии соҳаи охир нишон медиҳанд, ки дар ташкилоте, ки ақидаҳои нав, эҷодкорӣ ва таваккалкорӣ истифода бурда намешавад, дурӯғу фиребгарӣ ҳукмфармо буда, ташкилот худ ба худ аз байн меравад.

Хислати дигари консерватизм хоҳиши корҳои зеҳниро нӯро намондан мебошад. Чунин хислат ҳам асоси умумимаданӣ ва ҳам хислатҳои фардӣ дорад.

пешина
аз 522
навбатӣ