Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Мутахассисони бахши менеҷмент тарҳ ва нақшаҳои гуногуни ҳалли масъалаҳоро пешниҳод менамоянд. Аз нигоҳи мо ҷараёни ҳалли таҳлилии масоил мумкин аст, агар он чунин сурат гирад:

  1. Таҳлили масъалаҳо, ки аз фаъолиятҳои менеҷер иборат мебошад:
    муайян кардани ҳолатҳо ва воқеияти масоил;
    муайян кардани сабабҳои асосии саршавии масоил;
    сӯҳбат кардан ба шахсоне, ки оиди масаъала ахбори аниқу пурра доранд;
    тамоми паҳлӯҳои масъалаҳоро таҳлил карда баромадан;
    муайян намудани дараҷаи қонунвайронкунӣ, риоя намудани меъёрҳо ва қоидаҳо;
    ташхиси тартиби тавсиф ва ба кӣ тааллуқ доштани масъала.
    масъалаҳоро новобаста ба ҳаҷм ва моҳияташон баҳо дода тавонистан.

  2. Давоми пешниҳод ва коркарди гуногуншаклин ҳалли масоил:
    коркарди шаклҳои гуногуни гузориши масъала;
    дастгирӣ намудан ва ҷонибдорӣ кардани шакли самараноки аз тарафи иштирокчиёни ҳалли масоил;
    муайян кардани давраҳои ҳалли масоил (кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат);
    аниқ кардан ва интихоби роҳи самараноки ҳалли масоил.

  3. Баҳодиҳии шакли самараноки интихобшудан ҳалли масоил:
    баҳодиҳии самараноки роҳи ҳал;
    баҳодиҳии низомии қарор;
    алоқамандии ҳалли масъала бо мақсади охирин;
    муайян кардани самаранокии роҳи ҳалли масоил;
    пурра ва аниқ ташкил намудани шакли интихобшудаи роҳи ҳалли масоил.

  4. Амалигардонии ҳалли масоил:
    масоилро дар вақти муайяншуда, яъне сари вақт ва бо тартиби муайяншуда ҳал намудан;
    алоқамандии натиҷагириро аз ёд набаровардан;
    ба аксуламал ва дастгирии тарафҳои манфиатдор мушоҳидакор будан;
    системаи пуркуввати мониторингро ташкил намудан;

пешина
аз 522
навбатӣ