Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилотИдоракунӣ
Аз аввал хондан

самаранокии ҳалли масоилро баҳо додан.

Тартиботе, ки дар боло қайд намудем, дар санъати менеҷмент аллакай, мақоми худро ёфтааст ва аксари менеҷерони таҷрибадори мамолики дунё онро истифода менамоянд. Аксари ширкатҳои байналхалқӣ маблағҳои зиёдеро сарф менамоянд, ки ба кормандон ин усулро пурра омӯзонанд, то раванди роҳбарӣ ва идоранамоӣ бо сифати баланд иҷро гардад.

Қадами аввал дарк намудани мазмуни масоил аст. Бояд ҳолатро баҳо дода, на ба сабабҳои сар задани масоил, балки ба мазмуни масоил диққат диҳем.

Барои дарк кардани мазмуни масоил менеҷер бояд ахбори пурра ва ҳаматарафае дошта бошад, ки ҷавобгӯи талабот бошад. Ҳар қадар ахбори аниқ дошта бошем, ҳамон қадар хубтар ва ҳаматарафа масоилро дарк намуда, оид ба ҳалли он дуруст андешаронӣ менамоем. Олими бахши менеҷмент Чарлз Кеттеринг қайд мекунад, ки «сабаби асосии ногувории мо дар чизҳои номаълум не, балки дар чизҳое мебошад, ки ба назари мо маълум метобанд, аммо дар ҳақиқат онҳо дигаранд».

Барои дуруст дарк намудани мазмуни масоил ва интихоби дурусти омӯзиши он, чунин пайдарпай бояд риоя карда шавад:

Қадами аввал.

  1. Ахбори ҳақиқиро аз фикрҳои тасодуфӣ ё худ дурӯғ ҷудо карда гирифтан Воқеиятро аз ҳис ё худ тасаввур ҷудо кардан.

  2. Шахсони аниқро ҳамчун сарчашмаи ахбор истифода намудан. Барои иштирок дар ҳалли масоил кормандонро ҳавасманд гардонидан.

  3. Масоилро ҳаматарафа бояд таҳлил намуд, то номаълумӣ аз байн бардошта шавад ва он ба моҷаро оварда нарасонад.

  4. Мазмуни масоилро муайян ва аниқ кардан лозим аст, ки бо кадом меъёрҳо ва манфиатҳо дар зиддият қарор дорад.

  5. Дар баробари аниқ кардани масоил муайян карда шавад, ки он ба кӣ тааллуқ дорад. Кадом масоиле, ки набошад ба ин ё он шахс пайваст аст.

  6. Вақте ки мазмуни масоил муайян карда мешавад, набояд онро махфӣ ҳаллу фасл намоем. Он бояд кушоду равшан ҳал карда шавад, то барои кормандони дигар ибрат шавад ва онҳо хубтар меҳнат намоянд.

пешина
аз 522
навбатӣ