Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Шаклҳои гуногуни омӯзиш ва ченакҳои услубӣ вуҷуд дорад, ки ба баъзеи онҳо таваҷҷӯҳ менамоем. Ин восита, ё худ тарз дар таҷрибаи ҳазорон менеҷерон истифода карда шудааст.
Мо ба маърифат бештар ба он хотир диққат медиҳем, ки агар инсон хоҳиши ба муваффақиятҳо ноил гаштан дошта бошад, бояд доимо дар омӯзиш бошад. Шахсе ки дониш дорад, қобилияти рақобатнокиро доимо нигоҳ медорад. Барои он ки қисми беҳтарини донишҳои мо кӯҳна мешаванд, мо бояд доимо дониши худро сайқал диҳем. Агар инсон аз омӯзиш ва ҷустуҷӯ боз монад, он тез аз роҳи рости инкишоф берун мегардад.
Донишомузии бетанаффус шарти асосии ҳаёт буда, маҳз дар доираи роҳбарӣ аз ҳама заруртар мебошад.
Хусусияти дигари донишазхудкунии бахши роҳбарӣ дар он мебошад, ки диққати асосиро бояд ба ахбори навин ва навоварию ихтироотҳо диҳем.
Махсусан, доштани ахбори навини зарурӣ ва коркарди дурусти он қисми асосии фаъолияти менеҷерон буда, доштани қобилияти дарки масоил шарти дуюми фаҳмиши онҳо ба ҳисоб мераванд.
35.4. Шахсият ва ҳалли таҳлилию эҷодии
масъалаҳо
Кордонӣ ва ёфтани роҳҳои ҳалли масъалаҳо яке аз унсурҳои асосии санъати менеҷмент ба ҳисоб рафта, барои ҳар як корманд ва менеҷер дар ҳар лаҳзаи ҳаёташ зарур мебошад. Дар ҳаёт лаҳзае нест, ки ба ҳалли масоиле машғул набушем. Кори роҳбарӣ аз ду сар, аз ҳалли масоил оғоз меёбад. Чун ки талабот агар вуҷуд намедошт, зарурият ба менеҷерон ҳам намемонд. Аз ин хотир шахсияте, ки бо ҳалли масъаларо дуруст дарк намекунад, ҳеҷ гоҳ менеҷери хуб шуда наметавонад.
Мо дар мавзӯи мазкур ду роҳи ҳалли масъалаҳоро дида мебароем.
-
Ҳалли таҳлилии масъала.
-
Ҳалли эҷодии масъала.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё