Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

пою даст ва ғайра. Шакли фаъолиятро тағйир додан хастагиро тез мебарорад ва боз баъди чанде вақт метавонед ба кор шурӯъ намоед. Мисол, агар нишаста кор карда бошед, ба иҷрои коре гузаред, ки рост истода кор кардан зарур бошад. Ғ.
баръакс агар соатҳои дароз ба пой рост истода кор карда бошед, ба иҷрои коре гузаред, ки нишаста кор кардан қулай бошад. Чунин иваз кардани усули фаъолият имкон медиҳад, ки вақтро самаранок истифода карда ҳосилнокиатон баланд гардад. Ҳатто худатон бовар намекунед, ки организматон чунин қобилияти баланди ҷисмонӣ дорад.

  1. Корро каме барвақттар сар кунед.

Хуб мебуд, ки агар пагоҳӣ корро 15-20 дақиқа барвақттар сар мекардед ва бо ҳамин роҳ одати маъмулиро тағйир медодед. Чунин фаъолият Шуморо тамоми рӯз ҳавасманд менамояд.

  1. Ҳар рӯз корҳои иҷрокардаатонро назорат намоед.

Дар аввал корҳои иҷрошударо қайд намоед, баъд корҳое, ки дар рӯзи оянда бояд иҷро шаванд.

  1. Он коре, ки имрӯз иҷро карда натавонистед, албатта ба рӯзи дигар гузаронед.

  2. Вақтро чун атои зиндагӣ бидонед ва ба қадри он бирасед.

Вақте ки хислати баҳо додани вақти умри худро омӯхтед, он гоҳ аллакай дигаронро ҳурмату эҳтиром мекунед, яъне муносибататон ва рафторатон дигар мешавад.

Оид ба ин сарвати бузург фикр мекунед ва ба хулоса меоед, ки оё дуруст аст, ки ман ин корро мекунам. Махсусан, шахсе, ки доимо кораш муноқиша буда, ба атрофиён муомилаи хуб надорад, мушкил аст, ки эҳтироми вақти умри худро пайдо кунад. Бояд аз худ суол кунед, вақти ширин ба ҷанҷол гузаронидан дуруст аст? Мо боварӣ дорем, ки дар ин ҳолат хислаташро дигар мекунад. Ё шахси майнӯш, агар андешаи вақт намояд, набояд дигар вақти худро ба майнӯшӣ гузаронад.

Аз 21 қоидаи дар боло овардашуда маълум гашт, ки усулҳои ниёде вуҷуд доранд, ки мо дар вақти умри худододи хеш корҳои зиёди некеро анҷом бидиҳем.

пешина
аз 522
навбатӣ