Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Ё ҳолати дигар, ба ҷамъомад ҳозир мешаваду дафтари хотираро ҳамроҳ нагирифтаед ва роҳбаратон инро мушоҳида карда, доир ба бенизомиатон хулоса мебарорад.
Барои ба ин ҳолатҳо дучор нагаштан, бегоҳӣ, пеш аз хоб рафтан ҳамаи корҳои майда-чуйдаро бояд тайёр карда, дар мавриди ба кор рафтан маводи заруриро бо худ бигиред.
- Ба кор якбора шурӯъ намоед.
Аксари одамон пеш аз он, ки ба кор шурӯъ намоянд, аввал болои мизи кориро ба низом мебароранд, қаламро тез мекунанд, кроссворд ҳал мекунанд, ба гулҳои тирезаҳо назар меафкананд, яъне то ба худ меоянд, ки аллакай нисфи вақти корӣ гузаштааст. Шумо, вақте ки саҳар ба кор меоед, аллакай, медонед, ки кадом корҳоро бояд иҷро намоед, якбора корро сар кунед. Корҳои иловагие, ки дар боло қайд намудем, баъди 2-3 соати корӣ монда шуда, истироҳат кардан хоҳед, дар шакли истироҳат иҷро намоед. Фақат муҳим он аст, ки аз одати танбалӣ даст кашед.
- Вақти худро пурра истифода баред.
Доимо имкон ҳаст, ки ҳосилнокии вақти худро аз ҳисоби вақтҳои холие, ки новобаста ба рафтори Шумо пайдо мегарданд, баланд бардоред. Мисол, дар роҳ, дар поезд, дар вақти интизорӣ ва хӯрокхӯрӣ пеш аз оғози кор вақти кории худро ба нақша гиред, навиштаҷоти худро як бор аз назар гузаронед ва ғайра.
- Назорат намоед, ки Шумо вақти холигини худро чӣ хел мегузаронед.
Агар тӯббозӣ, ё худ бозии билярд барои дамгириатон кӯмак расонад, ин хеле хуб аст. Лекин агар ба хотири дӯстатон ба ин кор машғул шавед, хубаш наравед. Мо метавонем соатҳои зиёди вақти худро сарфа намоем, ба ҷои он, ки кори дилхоҳамон набударо иҷро намоем. Хуб мебуд, агар филме ки бароятон маъқул аст тамошо мекардед ё китоби бадеии дӯстдоштаатонро мехондед, ё шуғле меварзидед, то дар ҳақиқат истироҳат намоед. Масалан, агар ба варзиши бадан, гӯштингирӣ, оббозӣ, давидан ва амсоли ин машғул мешудед, ҳам рӯҳан истироҳат мекардед ва ҳам ҷисман инкишоф меёфтед.
- Шакли фаъолиятро иваз намоед.
Аслан организм пурра монда намешавад. Мондашавиро ҳамон узви бадан
ҳис мекунад, ки агар бисёртар кор кунад, яъне асаб, баъзе мушакҳо, чашм ва ё

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё