Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Барои вақти худро самаранок гузаронидан, мо бояд тарзи дурусти баҳисобгирӣ, банақшагирӣ ва таҳлили онро омӯзем.

Аслан ҳароҷотҳои вақтро барои иҷрои корҳо аз рӯи нишонаҳои зерин гурӯҳбандӣ менамоянд:

  1. Гурӯҳбандии корҳо аз рӯи мазмунашон — иқтисодӣ, техникӣ, илмию тадқиқотӣ, педагогӣ ва ғайра.

  2. Гурӯҳбандии корҳо аз рӯи сабабҳои пайдоишашон — маҷбуран, ё бо хоҳиши худ, ё аз рӯи эҳтиром ба роҳбар.

  3. Вобаста аз мӯҳлати иҷроиш — оҷилӣ, солона ва перспективӣ.

  4. Гурӯҳбандӣ аз рӯи нишонаҳои шакли фаъолият — фардӣ, коллективӣ, сӯҳбатҳо, маҷлисҳо, сӯҳбатҳои телефонӣ, қабули мизоҷон ва ғайра.

  5. Гурӯҳбандӣ аз рӯи функция ва вазифаҳои роҳбар — банақшагирӣ, баҳисобгирӣ, муҳандисӣ ва ғайра.

Бояд қайд кард, ки вазифа ва функцияи роҳбарӣ аз ҳама мушкил ва масъулиятнок буда, аз ҳар як роҳбар меҳнати дуқаратаю сеқаратаи ҷисмонию рӯҳиро талаб менамояд. Чунончи файласуфи бузург Сукрот ҳанӯз дар замони худ қайд карда буд: «Аз ҳама мушкил ва мураккабтар дар ҷамъият ду иктирооти одамӣ мебошад, ин ҳам бошад санъати тарбия ва санъати идора кардани одамон».

Вобаста ба ин мазмуни кори роҳбариро чунин гурӯҳбандӣ намудан мумкин аст:

  1. Корҳои ташкилию маъмурӣ — гузаронидани маҷлисҳо, сӯҳбатҳо, муҳокимаи масъалаҳо, имзои ҳуҷҷатҳо, ба кор қабул кардан ва аз кор озод кардани коргар, қабули мизоҷон, назорати иҷрои кор, вазифагирӣ ва вазифагузории кормандон, дигар масъалаҳои ба ташкили кор вобаста.

  2. Корҳои эҷодӣ - тайёр кардани лоиҳаи қарор, фармон, дастурамал ва дигар ҳуҷҷатҳои директивию меъёрӣ, аз назар гузаронидани ҳисоботҳо, пешниҳодҳо, тақризнависӣ, ҷавобгардонии мактубҳо, тартиб додани нақшаҳо, омӯзиш ва татбиқи таҷрибаҳои пешқадам, пешниҳодҳои навоварӣ таҳлили чуқури иҷроиши нақшаҳои солҳои гузашта, таҳлили ҳолати имрӯзаи ташкилот, ҳисобҳо — ҳисобдобариҳо иқтисодию техникӣ ва хулосабарории асосноки илмӣ.

пешина
аз 522
навбатӣ