Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

34.2. Қоидаҳои асосии истифодаи вақт ва низоми
менеҷмент

Пеш аз оне ки ба қоидаҳои асосии истифодаи вақт гузарем, бояд ҳар яки мо ба худ чунин суолҳо бикунем.

  1. Оё ман аз ҳад зиёд вақти худро дар хоб намегузаронам?
  2. Оё вақти зиёди ман дар хӯрокхӯрӣ ва сӯҳбатҳои беҳуда намегузарад?
  3. Оё дар ин синну соли худ аз ӯҳдаи вазифаҳои худ баромадаам?
  4. Оё вақти зиёди маро корҳои беҳуда ё тамошои филмҳои нодаркор нагирифтааст?
  5. Оё меҳнати ман дар вақти сарфшуда самаранок мебошад?

Агар Шумо, дар ҳақиқат пештар ин суолҳоро ба худ дода бошед, пас моҳияти захираҳои вақтро аллакай дарк намудаед ва қиммати вақтатонро мефаҳмед. Масалан вақте, ки дар охири вақти корӣ аз курсӣ бархеста чунин андеша мекунед, ки «Ҳеҷ корро иҷро карда натавонистам», ҳарчанд ки тамоми рӯз Шумо кор кардаед. Аз ин нигоҳ, гӯё мо худро дар пеши рӯзи гузашта сафед карданӣ шуда, нишон медиҳем, ки мо мехоҳем, самаранок меҳнат намоем.
Аммо боре савол намедиҳем, ки «оё ман истифодаи вақтро дуруст ташкил намудаам?».

Барои аз чунин ҳолатҳо озод гаштан ду сифати фардӣ зарур мебошад:

  1. Низоми қатъӣ.
  2. Ташкили дурусти кор.

Барои ба ин мақсад расидан як қатор қоидаҳое мавҷуд мебошад, ки мо бояд риоя намоем:

  1. Аниқ муайян кардани мақсади худ.

Бисёр одамон қувваю ғайрат ва вақти худро барои иҷрои коре сарф мекунанд, ки худ намедонанд ба кадом мақсад буд. Дар натиҷа чунин одамон аввал хато мекунанд. Дар кору зиндагӣ гумроҳ ва дилсарду дилхунук шуда, дигар куҷо рафтанро намедонанд. Бинобар ин, кадом кореро, ки шурӯъ мекунед, аввал бояд мақсад муайян карда шуда, баъд дар вақти зарурӣ натиҷагирӣ сурат гирад.

  1. Нақшаи фаъолиятро бо назардошти вақт тартиб диҳед.

Нақшаи иҷрои кор моро маҷбур месозад, ки ба ин ё он фаъолият шурӯъ намоем. Интизор нагардем, ки кай ва кӣ барои мо инро иҷро менамояд ё моро кор мефармоянд. Дар охири рӯзи корӣ корҳоеро, ки пагоҳ бояд иҷро намоед, ба ёд гиред.

  1. Диққатро ба кори асосӣ диҳед.

Хуб мебуд агар Шумо дар дафтарчаи қайдҳо корҳои заруриро пайдарпай менавиштед. Пагоҳ аз кори 1-ум сар карда, онро ба анҷом бирасонед, баъдан кори 2-юм ва баъдан ба иҷрои кори 3-юм шурӯъ кунед (албатта, он корҳое, ки пурра ба Шумо тааллуқ доранд). Ҳеҷ гоҳ асабӣ нашавед, вақте ки як ё ду корро ба анҷом расониду халос. Пагоҳ низ фаъолиятро аз иҷрои корҳои асосӣ шурӯъ кунед. Мутахассисон борҳо такрор ба такрор мегӯянд, ки қисми зиёди одамони корҷӯён 80% вақти худро ба корҳои майда-чүйда сарф мекунанд. Аз ин ҷо 80% муваффақиятҳои моро 20% вақти сарфшуда медиҳанд. Яъне аз 10 кори иҷрошуда фақат 2 тоаш, 80% натиҷа мебошадӣ ё палос. Бинобар ин, ду кори асосиро ёфта, мо бояд диққатро бевосита ба иҷрои он равона сохта, бартариятро низ ба он корҳо диҳем.

Дар вақти тартиб додани пайдарпании иҷроиши кор мо бояд қоидаи «зарурияти асосӣ» доштани онҳоро фаромӯш нанамоем. Инчунин «аз таъҷилӣ»
худо карда тавониста ба онҳо диққати асосӣ диҳем.

  1. Дар худ ҳавасмандлиро фикр кунед.

Аслан мо кореро нағз иҷро менамоем, ки мехоҳем. Чунин корҳоро мо дар навбати аввал монда, корҳое, ки бояд иҷро кунем, дар навбати дуюм мемонем.
Аз ин ҷо вазифаи асосии мо ин аст ки моҳияти корҳои худро аз гурӯҳи кории «Бояд иҷро намоем» ба гурӯҳи корҳои «Мехоҳем иҷро намоем» гузаронем. Агар аз ӯҳдаи ин кор бароем, он гоҳ мо самаранокии истифодаи вақти худро таъмин карда метавонем.

  1. Мӯҳлатҳои қатъӣ гузоред.

Яке аз роҳҳои ӯҳдадор намудани худ барои иҷрои кори зарурӣ мӯҳлатҳои
қатъӣ гузоштани иҷрои он буда, назорати иҷрои онро аз худ қатъиян талаб
намоед. Масалан, мо мегӯем, ки 1) «Ман ба ин мактуб ҳангоми имкони аввал
пайдо гаштан» ҷавоб мегардонам, дигар ин ки 2) «Ман аввал ба мактуб ҷавоб

пешина
аз 522
навбатӣ