Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Ҷадвали 2
Корҳо | Таъҷилӣ | Ғайритаъҷилӣ Зарурӣ | 1 | 2 | Эҳсосот, асабонӣ, худмаҷбуркунӣ, идоракунӣ дар ҳолати кризис, доимо «сӯхтор» ё «ҷанг» | Ояндаро пешбинӣ кардан, мувозинати қувваҳо, батартиб, назорат, ҳолатҳои ками кризисӣ.
Ғайризарурӣ | 3 | 4 | Мутамарказшавии кӯтоҳмуддат, идоракунӣ дар шароити кризис, тасаввур оид ба бемантиқ будани мақсадгузор, банақшагирӣ ва худро таслимшуда ҳисобида идора карда натавонистан, муносибатҳои сусти корӣ | Бемасъулиятии пурра, вобастагӣ оид ба масоили асосӣ аз дигар шахсон ва ташкилотҳо, ҳолатҳои сабукдушшавӣ аз вазифа
Роҳбароне, ки фаъолияти самаранок доранд бояд, ки аз корҳои ҳолати 3 ва 4-ум дур бошанд. Вақте ки онҳо ҳаҷми ҳолати корҳои 1-умро кам менамоянд, вақти зарурӣ барои ҳолати 2-юм боқӣ мемонад, чунки асоси идоракунии самараноки вақт ин ҳолати 2-юм мебошад. Ин ҳолат хеле муҳим буда, аз ӯҳдадориҳои фардӣ, банақшагирӣ, тайёрӣ, профилактика иборат аст ва ҳолати каме мешавад, ки худро барои иҷрои он маҷбур месозед, чунки онҳо таъҷилӣ набуда, аз рӯи қоидаҳои умумӣ иҷро карда мешаванд.
Барои самаранок истифода бурдани вақт зарур мебошад, ки диққати асосиро ба корҳои ҳолати 2-юм дода, фаъолияти ҳолатҳои 1, 3 ва 4-умро хеле ва хеле кам кардан лозим аст.
Истифодаи самаранокии вақт аз қарори андешамандона, оқилона, ҳаматарафа фикркардашуда ва самаранок қабул намудан иборат аст, ки натиҷаи хуб диҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё