Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Таҷриба нишон медиҳад, ки аксар маврид, мо аз қабули ақидаҳои нави самаранок метарсем, ё худ бо нишонаи бахилӣ, онро қабул наменамоем. Дар натиҷа мо манфиатҳоро бой дода, пешравиро низ аз даст медиҳем.

Агар роҳбар ин ақидаҳоро ба инобат гирифта, қобилиятнокии кормандро дар раванд, ё соҳаи аниқ муайян месохт ва истифода менамуд, ба манфиати кор мебуд. Инкор кардани эҷодкорӣ, агар дар навбати аввал гӯё шуморо аз масъурият озод намояд, аммо дар натиҷа роҳбаре, ки ин эҷодкориро дастгирӣ намекунад гунаҳгори калон дар назди коллектив ва ташкилот мебошад.

Барои ба чунин ҳолатҳо дучор нашудан, мо бояд ақидаи худро нисбати эҷодкорӣ ва манфиату бохти он дигар созем. Ҳарчанд дар баъзе ҳолатҳо аз ӯҳдаи лоиҳа набаромадани кормандон боиси пастравии кори ташкилот, ё ки лоиҳаи нав баъзан самаранокиро таъмин созад ҳам, рӯҳири кормандонро набояд аз навоварии эҷодкорӣ боз дорем. Барои ба мақсад расидан доимо кӯшиш намуда, лоиҳаи нави эҷодиеро пешниҳод намоем, ки рӯҳири кормандонро баланд бардошта пешравиро таъмин карда тавонад. Дуюм ин аст, ки кормандони қобилиятнокро ба лоиҳа ҷалб намоем, сеюм ба тамоми коллектив фаҳмонда додани дастгирии эҷодкорӣ ва навоварӣ мебошад.

Дар ин ҳолатҳо роҳбари эҷодкор метавонад таваккали навовариро баҳо дода, одамонро ба фаъолият даъват намояд. Аксар мавридҳо одамон аз тарси таваккалкорӣ бо худ боварӣ надошта, ба эҷодкорӣ даст намезанад.

Барои ҷалб намудани кормандон ба таваккалкорӣ доимо нишон диҳед, ки таваккалкорӣ дастгирӣ ёфта, мукофотонида мешаванд.

«Таваккал ин худ иҷрои коре мебошад, ки натиҷааш пурра маълум нест».
Аммо Шумо набояд аз он даст бикашед, ба хотири натиҷаи манфии бадастовардашуда. Роҳбар дар ҳолати натиҷаи мусбии таваккал кормандонро мукофот дода, дар ҳолати натиҷаи манфӣ бояд ҷазо надиҳад. Албатта, ғайр аз ҳолате, ки дидаю дониста хатоҳои пешинаро такрор менамояд, ё дараҷаи таваккалро дуруст баҳо намедиҳад, яъне худсарӣ ва нописандӣ мекунад. Дар ҳолате ки роҳбар ба муноқиша рӯбарӯ мегардад, бояд ҳолати мусбӣ ва хирадмандонаро пеша карда, роҳеро интихоб намояд, ки муноқишаро аз байн бардорад.

пешина
аз 522
навбатӣ