Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Барои ҳалли муноқиша роҳбар дар навбати аввал муайян созад, ки муаммо дар куҷо пайдо шудааст ва сабаб дар чӣ мебошад. Дуввум ин ки кадом қарори ҳалли муноқиша самаранок буда, чӣ хел он бояд амалӣ гардад.

Баъди ба қарори аниқ омадан ҳарду тарафро ба мизи мудавар даъват намуда, фикри худро ба ҳамагон фаҳмонда диҳед. Ҳарчанд шумо тарафдори фикри як тараф ҳастед, фикри тарафи дуюмро низ бо роҳи мусбии ҳалли муноқиша фаҳмонда доданатон лозим мебошад. Аслан, вақте ки муноқиша ба миён меояд аксар мавридҳо ҳарду тараф ҷиҳатҳои манфию мусбии худро доранд ва гунаҳгор кардани як тараф, ё як гурӯҳ аз роҳбар эҳтиёткории баландеро талаб менамояд. Роҳбар бояд кормандро бовар кунонад, ки гуноҳи содиршуда боиси тамоман аз байн бурдани обрӯю эътибори шумо нест ва тамоми хизматҳоеро, ки доред барҳам намезанад. Қувваи дигари ақлҳо, ки дар ташкилот кам нестанд, бояд ҷамъ шуда, қаҳру ғазабро паст намоянд. Муҳокимаи омилҳои қаҳру ғазаб дар муносибатҳо, ки ба чӣ оварда мерасонад, таърифи некию накӯкорӣ дар ҳалли муноқиша аз манфиат холӣ нест. Маслиҳатҳои муфиди хирадмандонаи роҳбар оид ба рафтори хубу пиндори нек, андешаҳои бузургон ва овардани мисолҳо аз ҳаёти одамони бузург роҳи дурусти паст намудани қаҳру ғазаби одамон мебошад. Аслан нишонаҳои қаҳру ғазаб аз сарчашмаҳои зерин пайдо мегардад:

  1. Агар шахс нисбат ба дигар атрофиён нигоҳи бад дошта, худписанд бошад.
  2. Агар шахс аз ҷавобҳо ва баҳсҳои дурусти воқеӣ худро дур кашида ба эҳсосот дода шавад.
  3. Бахтро, ё худ подоши худро ба ӯҳда намегирад.
  4. Ҳаракат мекунад, ки худро бардурӯғ сафед намояд.
  5. Одаме, ки табиатан бадхоҳ мебошад.

Барои он ки шумо ба муноқиша гирифтор нашавед, чӣ бояд кард:

  • сабабҳои қаҳру ғазабро чуқур ва ҳаматарафа таҳлил намоед;
  • роҳҳои ба қаҳру ғазаб гирифтор нашуданро дар худ кор карда бароед;
  • пеш аз оне, ки аз касе хафа шуда ба қаҳру ғазаб биёед, бо дӯст ё шахси беғарази донишманд масъаларо муҳокима намоед;
пешина
аз 522
навбатӣ