Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Аз тарафи дигар ҳастанд роҳбароне, ки ҳолатро то ба ҳадди бӯҳрон расонида, баъдан чораҳо мебинанд, ки ин аз нигоҳи санъати менеҷмент нодуруст аст. Барои баланд бардоштани рӯҳияи коллектив шарт нест, ки то ба бӯҳрон, ё худ мушкилӣ оварда расонад, балки ҳар рӯз вазифаҳо ва мақсадҳоро таҳлил карда, муҳити баланди рӯҳиявии кормандонро нигоҳ дошта, ба ҳар як корманд алоҳида вазифагузорӣ намуда, мақсадро фаҳмондан шарт ва зарур мебошад. Дар ин ҳолат кормандон худашон фаъолияташонро зери назорат гирифта, дар ҳолати мушкилӣ ба коллектив муроҷиат менамоянд ва дар ҷустуҷӯи роҳҳои дигари ҳалли масъала мегарданд.

Чунин усул сиёсати «Доимо тайёр»-ро ҷорӣ карда, тамоми коллективро барои ҳалли муаммоҳо сафарбар ва иштироки онҳоро дар идоракунӣ таъмин менамояд.

Ин маънои онро дорад, ки ҳар як аъзои коллектив барои ояндаи ташкилот ҳиссагузорӣ намуда, дар коркарди стратегия ва тактикаи фаъолияти ташкилот фаъолона иштирок намояд. Роҳбари корхона бояд аниқ намояд, ки оё ҳама аъзоёни коллектив стратегияи ташкилотро дуруст дарк кардаанд, ё не? Барои ин дар вақти пешниҳоди стратегияи ояндаи корхона мавқеи ҳар як аъзои коллектив, вазъияти физиологӣ, рӯҳӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, донишмандию дониш азхудкунии ӯ бояд дида баромада шаванд. Дар вақти таҳлил нишон дода мешавад, ки ба талабот ҷавобгӯ аст, ё не? Вагарна роҳбарият маҷбур аст, ки ҷиҳати беҳтар кардани вазъият чорабиниҳои иловагӣ, аз қабили курсҳои махсуси тахассусӣ, таъминоти техникӣ, гузаронидани суҳбату ҷамъомадҳо, маҷлису мизи муддавар ва конфронсияву симпозиумҳо, ҳатто бо ҷалби мутахассисон аз берунро ташкил намояд. Хуб мешуд, агар нақшаҳо ҳармоҳа ва ҳарсола боз аз нав дида муҳокима карда, иҷро карда мешаванд.

33.3. Ташкили ҷустуҷӯи ҳалли масъалаҳои умумӣ
ва фардии ташкилот

Кордонӣ ва ҳунармандии роҳбарон дар ташкили дурусти алоқа ва муносибати корманд ва ташкилот зоҳир мегардад.

Барои роҳбар ташкили муҳите, ки ҳар як аъзои коллектив худро аъзои комилҳукуқи дастаи ташкилот шинохта, бе ташкилот худро тасаввур карда наметавонад, кори хеле мураккабу мушкил мешавад.

Қадами аввалине, ки ҳар як роҳбар мегузорад, ин нигоҳ доштани андозаи самараноки гурӯҳ мебошад. Агар шумо дидед, ки рӯҳ афзуда истодааст, хуб мешуд, ки ба зергурӯҳ тақсим намоед.

Қадами дуввуми ин, ки дар коллектив роҳбар бояд нисбати ҳама дастгирии якхела дошта бошад. Агар якеро дастгирӣ намоеду дигареро не, он гоҳ ҳавасмандӣ гум шуда, коллектив аз байн меравад.

Ҳавасмандии ҳақиқӣ дар гурӯҳе дида мешавад, ки дӯстӣ, рафоқат ва адолат таъмин бошад.

Қадами сеюм, ин гузаштан бо усули идоракунии ҳамвор аст, ки касе аз аъзои даста худро паст ҳис накунад. Ва ҳар як корманд дар кору вазифа ва пурра он худ масъулият ҳис карда, ҷавобгар бошад. Ҳуқуқу ӯҳдадории худро на ҳамчун корманд, балки ҳамчун як аъзои комилҳукуқи коллективи ташкилот дошта тавонад, дар ҳалли масъалаҳои стратегия он фаъолона иштирок намояд.

Қадами чорум, дастовардҳои коллективро доимо қайд намуда аъзоёнро рӯҳбаланд намоед. Дар навбати дигар вазифаҳои мураккабу вазнинтареро гузаред, ки ташкилотро ба пешравӣ равона созад. Пешниҳоду дархостҳои ҳар як аъзои коллективро ба инобат гирифта моҳияти онҳоро таҳлил карда бароед.

Қадами панҷум, дар ҳолати вазифагузории оянда, мақсадҳоро пурра, нотарсона ва бо боварии комил баён кардан аст, то ки ҳар як аъзои гурӯҳ онро бо дили пур қабул намояд.

Сӯҳбати озоди дилпурона имкони фикру ақидаҳои навро пайдо карда, кормандон метавонанд, ки ба фикрҳои шумо ҳамроҳ шуда пешниҳоду маслиҳатҳои муфид диҳанд.

пешина
аз 522
навбатӣ