Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Аксар маврид сабаби ба дигар касон вогузор накардани ҳуқуқу вазифаҳо гурӯҳи яккасардории роҳбарон мебошад. Асоси чунин рафтор нобоварӣ ба даста ва қабули қарори нодуруст, ё худ нокифоя мебошад.

Аз тарафи дигар ҷорӣ намудани қоидаи худидоракунӣ дар коллектив имкон медиҳад, ки кормандон худашон усули иҷрои корҳо ва ё супорищу қарорҳоро мустақилона интихоб намоянд.

Албатта, дар чунин ҳолат бояд ҳар як корманд ба суолҳои зерин ҷавоб дода тавонад:

  1. Оё кормандон вазифаҳои худро пурра медонанд?
  2. Оё пайдарпайии иҷрои қарорҳоро таъмин карда метавонанд?
  3. Роҳбар ва корманд мақсадҳоро якҷоя муайян месозанд?
  4. Иҷрокунандагон моҳият ва зарурияти бадастоварии мақсадҳоро медонанд?

Аз суолҳои дар боло гузошташуда маълум мегардад, ки тамоми қарору барномаҳо ҳал нашуда, дар нисфи роҳ мемонанд ва ин дар он ҳолат сурат мегирад, ки агар дастгирии худро дар коллектив наёбад. Бо мақсади дар сари вақт муайян кардани камбудиҳо менеҷер бояд қайд намояд, ки кадом кор нодуруст иҷро шуда истодааст, факту рақамҳоро таҳлил карда, хулосаи оҷилӣ барорад, қарори нав қабул намуда, иҷрои онро талаб намояд, қарори нав бояд аз пешина дида пурмасъул ва мураккабтар бошад. Барои боз ҳам пурратар дарк кардани бурду бохт донишатонро оиди масъалаи мавҷуда мустаҳкам намуда, ба сарчашмаҳо — китобҳо ва дастурамалҳои нав такя намояд.

Бо ин роҳ менеҷер диққатро бояд ба он равона созад, ки самаранокии тамоми ҷараёни иҷрои корҳоро таъмин созад.

Ҷорӣ кардани барномаҳои махсуси иҷрои корҳо имкон медиҳад, ки тарзу усулҳои нави иҷрои онҳоро ҷорӣ намуда, сифати кор ва муҳлати иҷроиши онҳо беҳтар карда шаванд. Аслан мо дар барномаҳои худ диққатро ба тезонидани ҷараёни истеҳсолот, кам кардани хароҷотҳо, осон кардани мураккабии корҳо равона месозем. Аммо дар ҳама зинаҳои истеҳсолӣ диққат бояд ба сифати иҷрои корҳо, таъминоти максималии рақобатнокии бозор равона карда шавад.
Барои таъмини сифати ҷараёни истеҳсолот қоидаи пайдарпайии дигаргунсозӣ самаранок мебошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки одамон дар баланд бардоштани

пешина
аз 522
навбатӣ