Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Барои боварӣ ҳосил кардани кормандон менеҷер бояд тамоми донишу маҳораташро харҷ намояд. Яке аз сабаби нобоварӣ ба худ тарси корро дуруст иҷро карда натавонистан ва аз кор ронда шудан онҳоро мебошад. Ин ҳаракатҳои кормандон, албатта, асос доранд, яъне онҳо ба фаъолият нав сар кардаанд, дониш ва таҷрибаи зарурӣ надоранд, ё дар муҳите ба воя расидааст, ки чунин хислатҳоро надидаанд ва ғайра. Барои идоракунии кормандон истифодаи чунин ин ҳолатҳо аз ҷониби менеҷер нодуруст мебошад, вале, вақте ки менеҷер ҳаракати аз байн бурдани тарсу нобоварӣ намуда, ба корманд супоришҳои нав ба нав дода, талаби иҷрои онро мекунад, оҳиста - оҳиста ӯ ҷараёни равиши корро аз худ намуда, тарс аз дилаш дур мешавад.
Боварӣ ба худ ҳамон вақт пайдо мегардад, ки агар ба Шумо дар коллектив кори алоҳида, ё худ вазифаи муайянеро бовар кардаанд. Дар ин ҳолат ӯҳдадориҳо байни кормандон тақсим шуда, шиддатнокии кор пасттар мебошад.
Дар ҳама ҳолат корманд бояд донад, ки ваъдаи додашударо бояд иҷро кард. Иҷро накардани ваъда, ё худ аз боварӣ баромадан ба Шумо зарари калон меорад ва ноӯҳдабарой, ё худ номуайянии мавқеашонро дигарон қабул надоранд. Хуб мебуд доир ба ҳодисаҳои ба миёномада рӯирост ва саривақт ба даста хабар расонед. Зикри воқеии ҳодисаҳо, дар ҳама дараҷаҳои инкишофи башарӣ ба якдигарфаҳмӣ оварда мерасонад. Гуфтушунидҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ ва илова бар ин бо ҳар як аъзои коллектив, дар кадом ҳолате ки набошад, сӯҳбат кардан аз фоида холӣ намебошад. Бо одамон сӯҳбат карда, барои кори фаъолона сари вақт миннатдорӣ намудан самаранокиро бештар мекунад. Хуб мешуд миннатдориро дар сӯҳбати як ба як, ё дар назди коллектив мекардед, на бо телефон.
Яке аз унсури дигари кор бо кормандон ин шароити мусоиди корӣ ташкил намудан мебошад. Хуб мешуд дар толорҳои васеи барҳаво 10-15 корманд якҷоя нишаста кор мекарданд.
Бисёре аз менеҷерон мехоҳанд, ки дар кабинетҳои кории худ бо дарҳои пӯшида кор карда, бо кормандон алоқаи кам дошта бошанд. Чунин як сиёсати корӣ барои кормандони маъмурӣ, бюрократҳо хос мебошад ва ин барои пешвои ҳирадманд мақбул нест. Дарҳои дафтари кории менеҷер доимо бояд кушода

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё