Зеҳн
Бузургон дар васфи забони тоҷикӣ (С. Аминов, Д. Нуриддинова)

Китоб андешаҳо ва суханҳои бузургону донишмандони ватанию хориҷиро оид ба мақому манзарат ва зебоии забони тоҷикӣ گرد آورӣ кардааст. Дар он аҳамияти забон ҳамчун омили асосии рушди фарҳанг ва тафаккури миллӣ таъкид шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 30 саҳифа

ФарҳангАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Забони имрӯзаи тоҷикӣ чӣ навъ ки фактҳои фонетикӣ, лексикӣ ва морфологии шеваҳо ва худи забони адаби ҳозираи мо гувоҳӣ медиҳанд, инкишофи минбаъдаи ҳамон забони дарӣ аст.
Абдулғанӣ Мирзоев

Берунӣ ба мисли Абӯали Сино кӯшиш кардааст, ки забони дарӣ дар қатори забони арабӣ ҳамчун забони илмӣ ривоҷу равнақ ёбад. Мисоли барҷастаи ин иқдоми Берунӣ китоби «Тафҳим» мебошад. Дар ин асар термину илмҳои математика, астрономия ва география муҳайё карда шудааст.
Муҳаммад Осими

Забони дарӣ тадриҷан ба хоки Эрони имрӯза ҳам паҳн гардида, ҷои забони паҳлавии сониро, ки бо вуруди ислом дар илму маданият аз равнақ монд, ишғол кард. Ҳамин тавр, ба адабиёти наву бузурге ибтидо гузошта буд, ки то имрӯз на фақат боиси ифтихори тоҷикону эрониён аст, инчунин мардуми Осиёи Миёнаю Озарбойҷон, Афғонистон, Ҳинд, Покистон низ аз файзи он баҳраманд ва бо он фахр мекунанд.
Муҳаммад Осими

Аз асри 10 сар карда, забони тоҷикӣ ё ки, чунон ки дар он вақт мегуфтанд, «форсии дарӣ» дар баробари забони арабӣ ба забони байналхалқии илму маданият табдил меёбад. Ба ин забон на танҳо тоҷикону форсҳо, балки озариҳо, узбекҳо, мусулмонони Ҳиндустон низ асарҳои илмии худро менавиштанд. Мисли «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Гулистон»-у «Бӯстон»-и Саъдӣ, шоҳасарҳои адабии оламшумул, ғазалҳои олиҷаноби Ҳофиз ва Камоли Хуҷандӣ, рубоиҳои ҷовидонии Умари Хайём ба забони дарӣ бунёд шудаанд. Ба ин забон дар соҳаҳои гуногуни илмҳои табиатшиносӣ ва ҷамъиятшиносӣ асарҳои сершумори илмӣ навишта шудаанд.
Муҳаммад Осими

пешина
аз 30
навбатӣ