Зеҳн
Бузургон дар васфи забони тоҷикӣ (С. Аминов, Д. Нуриддинова)

Китоб андешаҳо ва суханҳои бузургону донишмандони ватанию хориҷиро оид ба мақому манзарат ва зебоии забони тоҷикӣ گرد آورӣ кардааст. Дар он аҳамияти забон ҳамчун омили асосии рушди фарҳанг ва тафаккури миллӣ таъкид шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 30 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Забони тоҷикӣ

Забони умумихалқии тоҷик ба шакли хаттии он-забони адабӣ-маҳсули як қатор давраҳо буда, дар давоми асрҳо ба худ шакли муайян гирифтааст, инкишоф ёфтааст, бой ва суфта гардидааст.
Носирҷон Маъсумӣ

Қулфкушои дари илму дониш забон-забони адабии ҳар як халқу миллат мебошад.
Носирҷон Маъсумӣ

Забон шоҳкории ҷамъият аст ва халқ худованди он
Носирҷон Маъсумӣ

Забони адабии мо дар ҷараёни такомулот ва тараққиёт аз сарчашмаҳои пуртароват об меҳӯрад.
Носирҷон Маъсумӣ

Мо бояд забони худро, яъне ҳамон дарии таърихиро бо хусусиятҳои таърихиаш бидонем. Бахти мост, ки ин забон бо ҳамон ғано ва шукуҳу шавкаташ дар сарзамини худамон, дар зиндагии рӯзмарраи мардум ҳанӯз боқист ва қадри ин давлат бояд донист.
Муҳаммадҷон Шукурӣ

Ҳамин забон буд, ки асрҳои аср моро аз нобудӣ нигоҳ дошта, бо ҳастии худ ҳастии моро таъмин намуд, дар ҳамаи замонҳо, дар ҳамаи ҷабҳаҳо ба назари ҳама хайрхоҳону бадхоҳон миллати моро чун як муҷАССАМАИ фикру ҳисси олӣ намудор кард.
Муҳаммадҷон Шукурӣ

пешина
аз 30
навбатӣ