Бузургон дар васфи забони тоҷикӣ (С. Аминов, Д. Нуриддинова)

Китоб андешаҳо ва суханҳои бузургону донишмандони ватанию хориҷиро оид ба мақому манзарат ва зебоии забони тоҷикӣ گرد آورӣ кардааст. Дар он аҳамияти забон ҳамчун омили асосии рушди фарҳанг ва тафаккури миллӣ таъкид шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 30 саҳифа
Тоҷикон дар вақти худ ба маданияти умумиинсонӣ саҳми бузург гузошта буданд. Аҷдодони бузурги мо — Рӯдакӣ, Абӯали ибни Сино, Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Умари Хайём, Камоли Хуҷандӣ, Носири Хусрав барои халқи худ асарҳои ҷовидонӣ офарида, дар айни замон ба халқҳои дигар ҳам азиз ва муҳтарам гардиданд.
Мирзо Турсунзода
Пухтагии забони дарӣ ва хусусиятҳои услуби осори аз асри 10 боқимондаи он чунин тасаввуроте ба вуҷуд меорад, ки ин забон хеле пештар аз истилои араб дар қатори забони суғдӣ дар Мовароуннаҳр ва Хуросон давом намуда, майдони амалиётро ҳатто барои забони суғдӣ низ хеле танг карда бошад. Зеро агар чунин намебуд, забони суғдӣ баъд аз паҳн шудани ислом дар як муддати кӯтоҳ мавҷудияти худро аз даст намедод.
Абдулғанӣ Мирзоев
Дар асри 10 масъалаи дар доираҳои расмӣ кор фармуда шудани забони дарии форсӣ-тоҷикӣ, яъне забони халқи маҳаллӣ дар масъалаи суст гардидани роли забони арабӣ ва таъсири маркази хилофат, инчунин мустаҳкам намудани мавқеъ ва нуфузи Давлати Сомонӣ, бешубҳа, аз вазифаҳои муҳими сиёсӣ ба ҳисоб мерафт.
Абдулғанӣ Мирзоев
Яке аз муваффақиятҳои соҳаи ҳаёти маданӣ, ки дар асри 10 насиби тоҷик ва дигар халқҳои Хуросон ва вилоятҳои шарқии Эрон гардида, ба аҳамиятҳои муҳими сиёсӣ низ соҳиб буд, дар қатори забони ҳукмрони давлатӣ — забони арабӣ ҳамчун забони адабии давлатӣ ҷорӣ шудани забони порсии дарӣ-тоҷикӣ мебошад.
Абдулғанӣ Мирзоев

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё