Зеҳн
Бузургон дар васфи забони тоҷикӣ (С. Аминов, Д. Нуриддинова)

Китоб андешаҳо ва суханҳои бузургону донишмандони ватанию хориҷиро оид ба мақому манзарат ва зебоии забони тоҷикӣ گرد آورӣ кардааст. Дар он аҳамияти забон ҳамчун омили асосии рушди фарҳанг ва тафаккури миллӣ таъкид шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 30 саҳифа

ФарҳангАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Нависанда, ки устоди забон ҳисоб меёбад, бояд ӯ маънои суханҳоеро, ки дар осораш кор мефармояд, пурра донад ва агар он сухан якчанд маънӣ дошта бошад, ҳамаи онҳоро ба ҷои кор фармуда шудагиашон ёд гирифта, баъд аз он кор фармояд, вагарна дар пеши хонандагон шарманда мешавад.
Садриддин Айнӣ

Бояд нависанда аз ҷиҳати забон дар ҷое истад, ки дасти халқ ба вай расад ва бо як ишорат ва ҳимояти ӯ халқ ба паҳлуи ӯ баромада тавонад. Нависанда аз забон чӣ гуна бояд истифода кунад?
Ба фикри ман ва таҷрибаи ман, забони халқ анборҳои холинашавандаи моли хом аст. Вазифаи нависанда ин молҳои хомро ғундошта, дар майнаи худ кор карда, боб ва дилкаш намуда, ба халқ додан аст.
Садриддин Айнӣ

Дар забони маҳаллӣ баъзе калимаҳо ҳастанд, ки классиконаанд, бо вуҷуди дар як маҳал зинда будани ин гуна калимаҳо, онҳо ба дараҷае классиконаанд, ки баъзе касони бехабар онҳоро «забони қадими мурда» мепиндоранд ва дар архаизм медароранд... Вазифаи нависандагон ин гуна калимаҳоро умумӣ кардан аст.
Садриддин Айнӣ

Дар забони зиндаи халқи тоҷик чунин хазинаҳо ҳастанд, ки пур аз дурдонаҳои пуркимат мебошанд. Вазифаи мо, нависандагон, ана ҳамон дурдонаҳоро ёфта ба омма туҳфа кардан аст, на ин ки дар бораи умумӣ кардани баъзе лугатҳои хона ё маҳаллаи худ бикӯшем.
Садриддин Айнӣ

пешина
аз 30
навбатӣ