Бузургон дар васфи забони тоҷикӣ (С. Аминов, Д. Нуриддинова)

Китоб андешаҳо ва суханҳои бузургону донишмандони ватанию хориҷиро оид ба мақому манзарат ва зебоии забони тоҷикӣ گرد آورӣ кардааст. Дар он аҳамияти забон ҳамчун омили асосии рушди фарҳанг ва тафаккури миллӣ таъкид шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 30 саҳифа
Агар мо аз забони «Шоҳнома» монандӣ муъбад, пизишк, пӯзиш, ромишгар, даж, дажхим калимаҳои аз форсии қадим мондаро ва инчунин монандӣ або, абар одотҳоро, ки дар баъзе ҷо ба зиёдатин ҳамза ба ҷои бо бар кор фармуда шудаанд, ба назар нагирем, на ин ки сар то пои он ба оммаи тоҷикон фаҳмост, балки бештарини онҳо имрӯз дар забони зиндаи мардуми тоҷик кор фармуда мешаванд: ҳатто дар «Шоҳнома» он гуна луғатҳои форсӣ ва ба он гуна талаффуз кор фармуда шудаанд, ки имрӯз дар забони адабии Эрон кор намефармоянд, аммо дар миёнаи тоҷикон зинда аст. Баъзе онҳоро «сухани кӯчагӣ» гӯён, ҳатто баъзе тарҷумонон ва адибтарошони тоҷик ҳам кор намефармоянд. Аммо Фирдавсӣ кор фармудааст ва тоҷикон ҳам бо вай гап мезананд.
Садриддин Айнӣ
Дар дунё қавме нест, ки ҷудогонагии ҷузъии лаҳҷаҳои маҳаллиро дар назар гирифта, барои ҳар лаҳҷа як забони ҷудогона сохта бароварда шавад.
Садриддин Айнӣ
Баъзе касоне ҳастанд, ки ба сабаби ошно набуданашон забони тоҷикиро, яъне забони авоми тоҷикро забони форсии вайроншуда мепиндоранд. Лекин агар аз баъзе таъсирҳои ҷузъии забони узбакӣ чашм пӯшем (масалан, кор фармудани «-мӣ» дар мавриди истифҳом), содатарин ва софтарин лаҳҷаҳои форсӣ забони тоҷикӣ аст.
Садриддин Айнӣ
Моро лозим аст, ки дар китобҳои мактабии тоҷикон забони кӯҳистони тоҷикро қабул кунем. Забони кӯҳистони тоҷик забони форсии сода, ки аз такаллуфоти эронӣ холӣ, ба луғатҳои арабии ношунида халт наёфта ва ба сарфу наҳви форсӣ мувофиқ аст. Оре, дар талаффуз назар ба забони форсиёни шаҳрӣ қадаре ғализӣ дорад. Маозолик соф ва мувофиқи қоида аст.
Садриддин Айнӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё