Зеҳн
Бузургон дар васфи забони тоҷикӣ (С. Аминов, Д. Нуриддинова)

Китоб андешаҳо ва суханҳои бузургону донишмандони ватанию хориҷиро оид ба мақому манзарат ва зебоии забони тоҷикӣ گرد آورӣ кардааст. Дар он аҳамияти забон ҳамчун омили асосии рушди фарҳанг ва тафаккури миллӣ таъкид шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 30 саҳифа

ФарҳангАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Бояд забони китобҳои мактабии тоҷикон забони форсии сода бошад. Ба иборати дигар забони аксарияти тоҷикони кӯҳистон бошад.
Садриддин Айнӣ

Забони авоми тоҷик забонест, ки вайро оммаи тоҷик фаҳманд, дар ҷумлабандӣ, дар ташбеҳҳо, дар киноя ва истиораҳо, дар зарбулмасалҳо ва дар дигар бобатҳо хусусият ва рӯҳи забони тоҷик риоя карда шуда бошад.
Садриддин Айнӣ

Забони шеърӣ то охири асри 19 бештарин тақлиди забони Бедил бошад ҳам, аз охирҳои ин аср сар карда ҳаракати майлон ба забони омма—забони содаи ҳамафаҳм ба майдон омад.
Садриддин Айнӣ

Нависанда будани забоншинос шарт нест. Вале забоншинос будани нависанда, ба фикри ман, ҳатмист.
Садриддин Айнӣ

Вақте ки арабон Эронро истило карданд, дар қатори ҳамаи осори Аҷам забон ва адабиёти Эронро ҳам аз миён бардоштанд. Бузургони ба дарбори араб муқарраб будаи Эрон ҳатто дар хонаи худ ҳам ба забони арабӣ ҳарф мезаданд. Аммо дар муқобили ин ҳуҷуми арабон Хуросон ва Мовароуннаҳр хеле истодагӣ кард. Ҳатто бухориён ба забони араб намоз гузориданро ҳам ба гардан нагирифтанд. Шайхон ва имомони араб маҷбур шуданд, ки ба бухориён намозро ба забони тоҷикии дарӣ омӯзанд. Ин воқеа дар таърихи Наршаҳӣ, ки аз қадимтарин таърихи Бухорост, мазкур аст.
Садриддин Айнӣ

пешина
аз 30
навбатӣ