Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ӯ занак ҳам хурсанд шуд, зеро боз як далели шайъӣ дар дасти худи ӯ монд.

— Боз як савол доштам, — гуфт Комилов, — сабаби дар камераи чизнигоҳдории вокзал ҷомадони худро нигоҳ доштани «Чиян» маълум аст. Вай мехост, ки аввал бо шариконаш ва бо вазъияти кор ошно шавад. Сониян, медонист, ки амонаташ дар камера бехиёнат маҳфуз хоҳад буд. Лекин ҳеҷ намефаҳмам, ки чаро ҷосуси таҷрибанок шуда истода, ҷомадонро гирифту даруни онро дар худи ҳамон ҷо тафтиш карда дид ва бо ин кораш боиси ранҷиши Пётрамак гардид?

— Шумо, — гуфт майор хандида, — фаромӯш накунед, ки «Чиян» ба ҳар ҳол аз олами дигар аст, феълу атвору табиаташ дигар аст. Вай эҳтимол гумон мекунад, ки Пётрамак ҳақ надорад, ки аз ин кори ӯ ранҷад. Вай ин корро бо такозои одаташ, бо таъсири савқи табиии худ кард. Ин хатои аввалини «Чиян» буд. Охир гоҳ-гоҳе хато кардан ба ҳар кас ҳам хос аст. Дар ёд доред, дафъаи дигар, передатчики худро аз қарибии вокзал баъди соати ҳашт ба кор андохта, боиси шубҳа шуда буд? Насимҷиннӣ бошад, як порча остини куртаашро дар ҷои фалокати автомобил монда саросема гурехта буд. Хайр, фараз кардем, ки ӯ дигар илож ҳам надошт. Дар роҳи кон ба мошини инженер Восеев ва капитан Ҷобиров тир парронданаш ҳам кори ақлона набуд, натиҷаи саросемагӣ ва кӯтоҳандешӣ буд...

— Дар воқеъ сабаби ин тирпаррониро ман ҳанӯз нафаҳмидам, — гуфт Комилов.

— Мақсади Насим ва Ҳотам чӣ буд? — ба ҷои ҷавоб савол дод майор.

— Ба даст овардани ҳуҷҷати махфӣ.

— Хӯш, мақсади «Чиян» чӣ? Фаразан мақсади ӯ аз кор баровардани кон буд. Аммо вай ба ин ҷо омада дид, ки Насим ва Ҳотам дар роҳи кон моҷарое барпо намуда ва аз он суде ба даст надароварда, баръакс диққати моро ба худ кашидаанд, моро аз пайи худ афтондаанд. Бинобар ин «Чиян» фармуд, ки мошини Восеевро тирборон кунанд, то мо гумон кунем, ки душман ба худи кон коре надорад ва ҳадафаш танҳо инженерон асту ҳуҷҷатҳои махфии онон. Фаҳмидед?

пешина
аз 102
навбатӣ