Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
— Фаҳмидам, — гуфт Комилов, лекин аз дил гузаронд, ки ба ибораи майор «ба кӯраи корзор сиҳат саломат даромадаву баромада» бошад ҳам, ҳанӯз хом аст ва ҳамин хел як масъалаи оддиро мустақилона ҳал карда натавонист.
ЯК вақт Комилов дид, ки майор ба андеша фурӯ рафтааст. Ба фикру хаёли сардораш халал нарасонда, хомӯш нишаст.
Сафаров муддате дар ҳамин ҳолат нишаста, баъд аз ҷо бархост ва дар рӯи хона қадам зада, гӯё худ ба худ гап мезада бошад, гуфт:
— Лекин таркиби минаашон ким-чӣ хел ғайриоддӣ. Хайр мебинем, канӣ таҳлили лаборатория чӣ натиҷа медиҳад...
ТӮИ БА АЗО ГАШТА
Майор Сафаров «Чиян»-ро ба пойтахт, ба ихтиёри генерал фиристода, худ натиҷаи санҷиши лабораторияи минаро мунтазир шуд. Саҳари барвақт ба ӯ хулосаи санҷишро супурданд ва Сафаров низ дарҳол ба пойтахт равон гардид.
Мувофиқи хулосаи мутахассисон, мина мебоист на фақат қонро ба тамоми вайрон карда, аз саф мебаровард, балки чунон таркиши пурзӯру бузурге ҳам ба амал меовард, ки он аз ҷиҳати андоза ва таъсир ба таркиши бомбаи атомӣ шабоҳат дошта бошад.
Тамоми роҳ майор фикр мекард, ки душман бо чӣ мақсаде ин гуна яроқи мураккабро фиристода бошад? Агар ғараз вайронкории муқаррарӣ, яъне аз саф баровардани як корхона бошад, пас барои ин кор як минаи оддии пуриқтидор ҳам кифоя буд. Чаро таркиши мина маҳз ба таркиши бомбаи атомӣ мебоист монанд мешуд?..
Пурсиши Билдингро дар пойтахт худи генерал давом дод. Аммо вақте ки ба ҷосус таркиби минаро хабар дода, аз ӯ асли мақсадро пурсиданд, дар чеҳраи ӯ низ тааҷҷуби ҳақиқӣ акс ёфт.
— Атом? — такрор пурсид Билдинг.— Ман аз атомӣ будани мина хабар надоштам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё