Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
— Алло, кӣ гап мезанад?
Ба ӯ, аз афти кор, касе ҷавоб надод. Волощук такрор пурсид.
— Эҳтимол, шахси телефон кардагӣ сабр накарда, рафта бошад, — изҳори ақида намуд муаллима.
— Эҳтимол, — гуфт ҷавонзан, — овози мард буд ё зан?
— Мард, — ҷавоб дод муаллима.
— Хайр, лозим бошад, боз телефон мекунаддия, — гуфт Волощук ва барои заҳмат доданаш узр хоста баромада рафт.
...Дар кабинети майор Сафаров овози Волощукро бо магнитофон навишта гирифтанд. Майор лентаи аппаратро ба ақиб гардонда ба Пётр Степанович Бевзюк овози ҷавонзанро шунавонд.
— Овози ҳамин занак барин буд, — гуфт Пётр Степанович, ва илтимос намуд: — Боз як бор шунавем-чӣ?
Майор лентаи магнитофонро боз ба ақиб гардонда, аппаратро дубора ба кор андохт.
«Алло, кӣ гап мезанад? — шунида шуд овози Волощук.— Кӣ гап мезанад? Эҳтимол... Овози мард буд ё зан?»
— Худи худаш... — нафаси сабук гирифта гуфт Бевзюк.— Нағз дар хотир дорам... Ҳамин занак гап зада буд.
Баъди чанд дақиқаи дигар майор бо муаллима вохӯрда ба ӯ сурати Оливер Билдингро нишон дод.
— Домоди Тосяхон, — дарҳол шинохта гуфт муаллима.
Ба ҳамин тариқ, кӣ будани «Арӯсу домод» қатъиян аниқ шуда буд.
Соати даҳ Волощук дӯкони худро кушод. Рӯз рӯзи истироҳат буд ва дарҳол дар пеши дӯкон харидорони бисёре ҷамъ шуданд. Савдо авҷ гирифт. Тосяхон мисли ҳаррӯза хушмуомила ва хурсанд буд. Ба харидорон дар интихоби китоб маслиҳатҳо дода, дилбарӣ мекард.
Пешин дӯконро баста, ба ресторан рафт. Вақте ки официантка Лиза ба пешаш хӯрок оварда монд, оҳиста пурсид:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё