Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
Майор аз ғалладони худ як расмро бароварда ба Ҳотам нишон дод.
— Шинохтед? — пурсид Сафаров.
Мӯйсафед ба аломати тасдиқ сар ҷунбониду сони ба фарши хона чашм дӯхт.
Дар расм Оливер Билдинг, ҳамон сайёҳи хориҷии қарибии Ҳаштархон ба дарё ғарқшуда дар назди бинои нави Университети ба номи Ломоносов акс ёфта буд. Дар паҳлӯи ӯ арӯси некомаш Элен Билдинг меистод.
Ин расмро ба майор Сафаров фақат як соат қабл аз ин аз Маскав фиристода буданд.
— Боз як савол дорам, — гуфт Сафаров, — Рақами самосвали конро ба шумо кӣ хабар дод?
— Як занак. Лекин худашро ҳеҷ гоҳ надидаам.
— «Арӯс» мешаваду надидед?
— Ростӣ, надидаам. Шунидаам, ки «Арӯс» мегӯянд.
— Пули тангаро кӣ овард?
— Насим овард... Акбар...
Пурсиши Ҳотам Ҳомидов дар ин ҷо ба охир расид.
САЙЁҲИ АЗ ОН ДУНЁ
Пагоҳӣ соат қариб даҳ буд, ки муаллимаи Алиҷон Комилов дари ҳамсояи худро так-так кард. Ҷавонзани китобфурӯш дарро кушод. Мӯю миллааш парешон, дасту рӯяш ношуста ва чашмонаш аз бедорхобӣ қадаре фурӯ нишаста буд.
Муаллима гуфт:
— Тосяхон, касе шуморо бо телефон суроғ мекунад.
Антонина Волощук, чи тавре ки дар боло қайд карда шуд, ҷавонзани чақ-чақӣ буд ва ошнои бисёре дошт. Ӯ гоҳ-гоҳ аз телефони муаллима истифода карда, бо ошноҳояш гап мезад. Ҳатто бо иҷозати муаллима рақами телефони ӯро ба ду-се нафар ошноҳояш ҳам гуфта буд. Ҳоло ҳам бояд яке аз ҳамон шиносонаш телефон карда бошад.
Волощук ба хонаи ҳамсояаш даромада, гӯшаки телефонро бардошту бо як овози пуришваю ноз гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё