Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

гуна овозаҳо паҳн карда, ба рӯҳияи як қисми он ба қадри тавонаш таъсир мерасонид ва ғайра.
Вай аз касби худ қонеъ буд. Аз як тараф, маишати хуб таъмин буд, ҳатто дар солҳои вазнини ҷанг ӯ «зиндагонии шоҳонаи» худро давом медод, ғарчанде ки ҳамеша бағоят эҳтиёткор будан ва ба касе сир надодан лозим меомад. Аз тарафи дигар, супоришҳои пинҳонии ҳуҷайнони худро иҷро намуда, ҳис мекард, ки арвоҳи падарашро шод мекунад, яъне аз одамоне ки ҳаёти орому осоиштаи ӯро як вақтҳо зеру забар карда буданд, ба қадри ҳолаш қасос мегирад.

Лекин рӯҳбаландии Ҳотамбой дер накашид. Баъди ҷанг ба қалби ӯ оҳиста-оҳиста яъсу навмедӣ сар даровардан гирифт. Гоҳо ба Ҳотамбой чунин менамуд, ки ӯ як вазифаи бениҳоят душвореро ба зимма гирифтаасту онро ҳеҷ гоҳ ӯҳда карда наметавонад, гӯё ӯро ба пеши як наҳри азиме оварда монда, вазифаи як маҳлуқи афсонавиро ба гарданаш бор карда гуфта бошанд, ки оби дарёро дам каш, хушк кун...
Аммо ӯ зиёда аз як шиками худ дигар об фурӯ кашида наметавонад, оби дарё бошад, гӯё бар қасди ӯ торафт меафзояд ва ҳамчунон бо ҷӯшу хурӯш ва туғёну талотум ба роҳи худ меравад...

Инак, ҳисси нотавонӣ ва навмедӣ ӯро шаробхӯр кард. Шаробро хӯрда, қувват гирифта, ниқоби худро муддате бо ҷасорат бардошта мегашт. Гоҳо наздик расидани гӯру кафанро ҳам ба ёд оварда, рӯзе панҷ руқаоти пурра набудод, ҳам як-ду бор ибодат мекард.

Ҳотамбой мефаҳмид, ки аз роҳи дохилшудаи ӯ бозгашт нест. Бинобар ин «Ё тир мекапад, ё чувоз.
Ҳар чӣ бодо бод» гуфта, хизмати худро давом медод.

Ана акнун, аз афти кор, ҳам тир кафиду ҳам чувоз.
Омад ба сараш он чӣ ки солҳои сол ба хобаш, ба хаёлаш даромада, ҷисму ҷони ӯро ба даҳшат меандохт.

Дар рӯ ба рӯяш ходими идораи бехатарии давлат нишастааст. Акнун хоҳу нохоҳ ҷавоб додан лозим, дигар илоҷе нест, замин сахту осмон баланд.

Ҳотамбой таърихи зиндагониашро мухтасар нақл
кард. Ҳалқаш қоқ шуд. Майор суроҳии обро ба тарафи

пешина
аз 102
навбатӣ