Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳотам дар шаҳр чандин моҳ чашмдори супориш шуда гашт, аммо аз валинеъмати ӯ на пай буду на ҳайдар. Бойбача, чунон ки дар боло қайд шуда буд, ба қишлоқи Баландтеппа баргашта аъзои колхоз шуд ва кор карда гаштан гирифт.

Туронов баъди ду сол ба пои худ ба Баландтеппа омад. Боз маблағи калонеро ҳадя кард, аммо ин дафъа гуфт, ки манфиати кор ба шаҳр кӯчидани бойбачаро такозо мекунад. Ба Ҳотам занаш халал мерасонд. Дар вақти оворагардии бойбача комсомолони қишлоқ зани ӯро «аз роҳ бароварда» ба корҳои ҷамъиятии худ ҷалб карда буданд, хулоса, «чашму рӯи занаш кушода» шуда буду аз баробарҳуқуқӣ, озодии занон ва ба ин монанд чизҳои саросар куфр зуд-зуд даҳон мекушод. Ғайр аз ин, Ҳотам додарзодаи ошнои шаҳриаш, ҳамон савдогари тиллоҷаллобро таки чашм карда буд, ки духтари чордаҳ-понздаҳсолаи соҳибҷамол ва «пошикаста» буд.

Инак, зани Ҳотам дар як шаб аз олам чашм пӯшид. Аммо бо саҳви бойбача ҳамроҳи зани бегуноҳ писари ягонааш ҳам аз дунё рафт: онҳо аз заҳри ба таом рехтаи Ҳотам баробар хӯрда буданд.

Баъди ин фоҷиа Ҳотамбой ба шаҳр кӯчид ва мардуми қишлоқ қарор доданд, ки ӯ аз зодгоҳи худ ба шиддати ғаму ғусса тоб наоварда рафт.

То даме ки Туронов зинда буд, Ҳотам Ҳомидов ба разведкаи кадом давлат хизмат кардани худро намедонист. Баъди ҳалокати Туронов чӣ шуд, ки хоҷаи Ҳотам низ бадал шуд. Хоҷаи нав ба Ҳотам хабар овард, ки Туронов дар яке аз маҳалҳои назди сарҳади ҷанубӣ аз тири аскарони сурх ҳалок шудааст. Ин гап дар воқеъ рост буд. Аммо тағйири хоҷа барои бойбача ҳаргиз ногувор набуд, ӯ аз хӯҷаини нав низ ҳамон гуна бандчаҳои пули советиро мегирифт (ростӣ, қадаре бештар) ва айнан ҳамон гуна супоришҳоро ба ҷо меовард. Одамони эътимоднокро таки чашм карда, оҳиста-оҳиста тарбия ва ба кор омода менамуд, аз корхонаҳои дорои аҳамияти махсус барои худ «гӯшу чашм» ҷустуҷӯ менамуд, дар байни аҳолӣ ҳар

пешина
аз 102
навбатӣ