Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
бо Григорий Пашенин ба шаҳр рафта буданд. Дар ҳақиқат ҳам, онҳо ҳозир омада истодаанд ва бояд дар ҳамин наздикиҳо бошанд. Ғайр аз Пашенин ҳам дар ин роҳ даҳҳо мошинҳои дигар дар рафтуо мебошанд.
— Шавкатҷон, оҳистатар рон, сигнал дода ист, — илтимос намуд мудири хоҷагӣ.
— Сигнал вайрон, — гуфт Шавкат ва чун дид, ки шӯхиаш ба Пётр Степанович асар кардааст, бо қаноатмандӣ сухани худро давом дод: — Аҷаб мешавад-а, Пётр Степанович? Рост равему ба як мошин дакка хӯрем...
Аз пеш як харсанги бузург намудор шуд. Роҳ якбора ба чап тоб мехӯрд. Шавкат зоҳиран бепарво намояд ҳам, тамоми хушу диққати худро ҷамъ карда, аз роҳ чашм намеканд, гӯш меандохт, ки аз пеш садои сигнале мебарояд ё не.
Газик аз харсанг гузашт, гузашту садои гӯшхароши тормозаш баланд шуд. Аз пеши мошин, ки бо шаст қарор гирифта қариб чаппа шуда буд, писарбачаи дувоздаҳ-сездаҳсолае ҷаҳида худро ба канори роҳ гирифт.
— Оҳ, шайтони бекафшу маҳсӣ! Номаъкул мекунӣ дар мобайни роҳ? — гуфта Шавкат ба сари бача фарёд зад.
Сару рӯи Шавкат ва ҳамсафарашро аз тарс обу арақ зер карда буд. Аз изтироб лабҳои писарбача ҳам пир-пир мепариданд.
— Ба он ҷо... Тағо, чаппа... ба он ҷо... мошин шуд, — нимғурма ва бесарунӯк ҳарф мезад бача дастони борикашро ба сӯи ҷарии чуқур ёзонда, — ҳозир шуд...
— Чӣ шуд? — якбора фарёд карданд Шавкат ва Пётр Степанович.
Бача дигар чизе нагуфта ба онҳо бо навбат нигоҳ мекард. Вай аз ҳаяҷон ҳанӯз ба худ наомада буд.
— Чӣ хел мошин? — пурсид Шавкат.
— Ана ҳамин хел, аз они шумо барин.
— Наход? Аз куҷо меомад?
Бача ба сӯи шаҳр ишорат намуд.
Дасту пои Шавкат суст шуд. «Наход мошини Собирову

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё