Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
яъне аз рӯзе ки Пётр Степанович мудири хоҷагӣ таъин шудааст, кон чӣ қадар обод шуд, файз ёфт! Клуб таъмир ва васеъ карда шуд. Дар чанд ҷой ҳайкалҳои гаҷин монданд. Роҳи хобгоҳҳо асфальт пӯшонида шуд. Сохтмони боз як хонаи калон ва гаражи нав сар шуд. Хӯш ки бошад... Агар Пётр Степанович ғайрат намекард, оё дар кон ба ин солу моҳ магазини молҳои маданӣ кушода мешуд? Беҳтар гардидани кори ошхона ва чойхонаҳо чӣ?..
Шавкат хомӯш нишаста, гӯш мекард. Вай хизматҳои мудири хоҷагиро ҳеҷ гоҳ инкор накардааст. Баръакс ӯ низ мисли ҳамаи коргарони кон мегӯяд, ки Пётр Степанович дар ҳақиқат дар касбу кори худ ҳамто надорад. Аммо як чизро такрор-такрор шунидан гиред ҳам, ба дилатон мезанад-дия...
Онҳо ба шаҳр мерафтанд. Пётр Степанович мехост шабро дар шаҳр гузаронида, аз пагоҳи барвақт корҳои худро дар идораҳо дуруст кунад. Шавкат ҳам дар шаҳр кори заруре дошт. Дерест, ки як духтарак ба вай бисёр маъқул шудааст, аммо дарди дилашро изҳор карда наметавонад. Ё фурсати муносиб пайдо намешавад, ё агар фурсат ёфт шавад ҳам, ягон кас ё ягон чиз халал мерасонад.
Лекин имрӯз ҳар навъе карда гапзанон кардан лозим.
Шавкат гашти мошинро тезонид. Мудири хоҷагӣ тавсифи хизматҳои худро тамом карда, акнун дар бораи оянда сухан меронд.
— ...Агар зинда бошем, — мегуфт ӯ, — ҳоло бисёр корҳо мекунем.
Ногоҳ ҳамин ибораи «агар зинда бошем» ба гӯши Шавкат даромаду ӯ қарор дод, ки бо Пётр Степанович як шӯхӣ кунад.
— Агар зинда набошем, чӣ мешавад? — пурсид ӯ айёрона лабханд карда.
— Чӣ хел, яъне «зинда набошем»? Чиҳо гуфта истодай, Шавкат, нафасат ба кӯқнорхона занад!
— Фараз кардем, ки ҳо-о ана дар он хамгашти роҳ ба ягон мошин дакка хӯрда, пачаку маҷақ мешавем.
Ба хотири Пётр Степанович расид, ки кассир Вохидов

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё