Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
дар сар тӯппии гулдӯзии нав дошт ва кори худро бо як шавки самимона адо менамуд.
Дар паҳлуи ронанда марди тануманди фарбеҳе менишаст. Вай тугмаҳои кители чучунчаи худро яла монда, чуқур-чуқур нафас мегирифт. Дар рӯи зонуҳояш портфели зарди чармин мехобид. Мард вазни танаашро ба такяи нишастгоҳ партофта, ҳар замон ба мили спидометр хавотиромез назар меафканд. Гашти тези мошин барои ӯ ҳам гуворо буд, ҳам ваҳмангез. Дар гардишҳо ӯ дастдораки оҳанинро саросемавор қапида, портфели худро ба синааш мефушурд.
— Ман шунидам, ки ба мо боз мошини нав медадоанд. Ҳамин гап рост аст, Пётр Степанович? — пурсид ронанда ҷамбараки рульро як ба чап ва баъд ба рост сахт тофта.
— Рост, Шавкатҷон, рост, — бо оҳанги пурҳарос ҷавоб дод марди портфельдор. Овози ӯ чунон борики ҷарангосӣ буд, ки ба тану тӯши бузургаш ҳеҷ мувофиқат намекард.
— Чӣ хел мошин будааст? Боз газик?
— Не, самосвал.
— Ҳоло дар куҷост?
— Чӣ «дар куҷост»?
— Мошинро гуфта истодаам.
— Ҳа-а, мошин дар портфели ман.
Хуши Пётр Степанович акнун ба ҷояш омад. Вай аз ҳазли беихтиёр кардаи худ хушҳол шуда хандиду гарду ғубори рӯи портфелашро пуф карда ба гап даромад:
— Дар ин портфели ман, шери акош, на фақат мошин, балки садҳо тонна нефть, ангишт, ҳазорҳо тахта шифер, болор ва дигар молҳо ёфт мешавад. Ҳа-а, таъминоти ин қадар кони бузург ба гуфтан осон, бачем. Ман, агар донӣ...
«Ӯҳ, таъриф сар шуд-кӯ!» — гуфт ҷавон бо таассуф дар дилаш. Охир вай таърифҳои болохонадори мудири хоҷагиро борҳо шунидааст. Агар Пётр Степанович ба тавсифи корҳои худ сар кунад, дигар аз сухан боздоштани ӯ амри маҳол аст. Ноилоҷ гӯш карда мешинеду бас. Дар бадали ин шаш моҳи охир,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё