Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
ҲОДИСАЕ ДАР РОҲИ КОН
Роҳи пурпечутоби кӯҳӣ нишеб мерафт. Гоҳ аз чапу гоҳе аз рост харсангҳои ҷигарифом аз бағали кӯҳ ҷаста баромада, роҳи бе он ҳам камбарро тангтар ва хатарноктар мегардониданд. Вале мошини сабукрави ба гарду чанг оғушта дар ҳамгаштҳо мисли охуи бодпо чобукона тоб хӯрда, паҳлуи худро ба харсангҳо қариб расонида мегузашт ва ҳамин ки ба қитъаи росту ҳамвортар баромад, гӯё шодикунон ғуррос мезад ва чанги заминро боз баландтар бароварда пеш медавид.
Ин ҷастухези бебоконаи мошин аз хушҳолии ронандааш — ҷавони тақрибан бистусесолаи зебоандоме буд, ки дар тан куртаи нимостини осмониранг,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё