Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
Пашенин чаппа шуда бошад? Ҳамон Пашенини эҳтиёткор-а?»
— Ман ба деҳа мерафтам,— нақл мекард бача каме ба худ омада. — Аз боло, хӯ-ӯ аз он пайраҳа дидам, ки мошин тез-тез мерафт. Сонӣ истод, сонӣ боз ба роҳ даромаду аз назарам ғоиб шуд, сонӣ гумбурроси афтоданашро шунида ба ин ҷо давидам.
Ба гӯши Шавкат дигар гап намедаромад. Вай ба лаби ҷарӣ омада, ба поён нигарист. Дар қаъри дара як «ГАЗ-69» мачақ шуда мехобид.
Пётр Степанович ин ҳолро дида, дарҳол сари дилашро дошта монд.
— Зуд бош, Шавкат, ба шаҳр бишитоб,— базӯр гуфт ӯ донаҳои арақи сардро аз ҷабинаш пок карда.
ФАЛОКАТ АЗ ТАКИ ПО МЕБАРОЯД...
Майёр Сафаров гӯшаки телефонро ба ҷояш гузошта, коғазҳоро ғундошта даста кард ва қуттиҳои столашро маҳкам намуд. Абрувони бароқаш чин-чин шуданд, дар чеҳрааш осори ташвиш ҳувайдо шуд.
Вай тугмаи зангро пахш кард. Ба хона котибдухтар дохил шуд.
— Лейтенант Комиловро даъват кунед.
Котиб баромада рафта буд, ки Сафаров ба гараж телефон карда фармуд, ки мошини ӯро зуд бифиристанд.
Дари зарди бо дермантии рӯкаш кардашуда боз гардида, ба кабинет Алиҷон Комилов дохил шуд. Вай ҳамагӣ ду моҳ қабл аз ин ба кори идораи бехатарии давлат гузашта буд. Дар тафтишу таҳқиқ таҷриба надошт, вале чашми тез ва назари кунҷковонааш дар кори нави душвору мураккаб ба ӯ кӯмак мекарданд.
Майёр қарор дода буд, ки коркуни ҷавонро ҳамроҳи худ бигирад. Бигузор пухта шавад. Дар касбу кори онҳо таҷриба беҳтарин мактаб аст. Худи Сафаров ҳам аз аввал то охири ҷанг разведкачӣ буд, аз обу оташи ҷанг гузашта чашмаш пухтааст.
— Ба хизмат ҳозирам, рафиқ майор! — ба таври
низомӣ арз кард Комилов.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё