Зеҳн
Сурнайчӣ

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳо барои кӯдакон буда, бо забони сода ва равон навишта шудааст. Шеърҳо олами кӯдакона, дӯстӣ ва сурудҳои миллиро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 33 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

— Хап-е! Хап!
Ин чӣ гап!
Оби дида то ба кай?
Кӣ фарбеҳ,
Кӣ хароб
Мебинам аз дави вай!

Ҳар хароб
Беазоб
Медавад чолоку тез...
Ду додар
Баробар
Афтоданд дар даву хез.

Ҳа, гуфта,
По кӯфта,
Медавиданд бо азоб,

— Гурги ҷон,
Маро мон,
Ин фарбеҳу ман — хароб.

Арақшор,
Бемадор
Ҳар ду карда таку дав,
Гурги бӯр,
Баччахӯр
Якбора гуфто: ми-яв!

Ӯ бидид,
Медавид
Бар тарафаш сагбача.
Ҷонсарак,
Дилкафак
Ҷаҳид ба нӯки ҳаҷҷа.

Сагҷаҷон, —
Паҳлавон —
Аз таги ҳаҷҷа — ав-ав!
Гурги зӯр,
Баччахӯр —
Аз нӯки ҳаҷҷа — ми-яв!

Гуфт ақо,
— Гургамо,
Пишак будаст, медонӣ?
— Сад раҳмат!
— Сад раҳмат!
Сагҷаҷони чӯпонӣ!

Дар соҳили дарёи Нур,
Дар домани кӯҳи Булӯр.

Э ҷӯраҳо, ин саргузашт
Аз як даре бар дар гузашт,
Аз як забоне бар забон,
Аз як маконе бар макон,

пешина
аз 33
навбатӣ