Зеҳн
Сурнайчӣ

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳо барои кӯдакон буда, бо забони сода ва равон навишта шудааст. Шеърҳо олами кӯдакона, дӯстӣ ва сурудҳои миллиро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 33 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт

Маҷмӯаи нави шоир шеърҳои хурд-хурди лирикӣ, ҳаҷвӣ ва достонҳои зарифи бачагонаро дарбар мегирад. Дар ин асарҳо шоир манзараҳои табиати Тоҷикистонро, бачаҳои шӯху бебокро, орзуҳои хуби онҳоро тараннум мекунад.
СОЛИ НАВ

Соли нав, эй ҷӯраҷон,
Боз калонтар шудам.
Аком буд аз ман калон,
Ба вай баробар шудам.

БӮИ ФАСЛҲОИ СОЛ

Медонӣ, ҳар фасли сол
Дорад басе бӯи хуш.
Хоҳӣ агар, бемалол
Шеъри маро бикун гӯш

Ояд аз фасли баҳор
Бӯи хуши сабзазор,
Бӯи замини бедор,
Бӯи дуди трактор.

Бӯи гулу суманак,
Зардолуи ҷавпазак,
Сонӣ камтарак аз он
Ояд бӯи тобистон.

Меояд аз тобистон
Бӯи дарави деҳқон,
Бӯи дуди гулхани
Лагери пионерон.

Ширин бӯи ҳарбуза,
Меваҳои бомаза,

Бӯи шабнами пагоҳ,
Сонӣ бӯи тирамоҳ.

Тирамоҳ!
Ин фасли сол
Дорад бӯи бемисол:
Бӯи мактабу китоб,
Бӯи ҷавобу савол.

Дорад бӯи пахтазор,
Бӯи хирману анбор,
Бӯи борону хазон,
Сонӣ бӯи зимистон.

Меояд аз зимистон
Бӯи тӯи деҳқонон,
Бӯи испанду арча,
Қиссаи момокалон.

Бӯи барфу яхмолак,
Бӯи гули бойчечак,
Гашта биёяд аз он
Бӯи хуши баҳорон

аз 33
навбатӣ