Зеҳн
Сурнайчӣ

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳо барои кӯдакон буда, бо забони сода ва равон навишта шудааст. Шеърҳо олами кӯдакона, дӯстӣ ва сурудҳои миллиро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 33 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Худаш зӯр,
Рангаш бӯр,
Сихбурути сесара!
Ду чашмаш —
Чун оташ
Дандонҳояш — чун арра!

Пас ако
Бо уко
гиря карданд зор-зор.
Ашкашон
Шуд равон
Мисли борони баҳор.

Худаш зӯр,
Рангаш бӯр,
Аз сар намуд дам-дама
Бузако,
Шуморо
Ман мекунам ҳам-ҳама!

Ду бузӣ,
Берӯзӣ
Мегиристанд дар ҷавоб,
— Гурги зӯр,
Инро хӯр,
Ин фарбеҳу ман хароб!

пешина
аз 33
навбатӣ