Сурнайчӣ

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳо барои кӯдакон буда, бо забони сода ва равон навишта шудааст. Шеърҳо олами кӯдакона, дӯстӣ ва сурудҳои миллиро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 33 саҳифа
АдабиётШеърКӯдакон
Аз аввал хонданАфтодаед, оё ба об?
Оё, ба чанголи уқоб?
Оё шағол дуздида бурд,
Ё гургатон қаппида хӯрд?..
Хоҳед агар, э, ҷӯраҳо,
Ман гӯям асли қиссаро:
Бузголаҳои бозигар
Ногаҳ бидиданд он саҳар
Дар домани кӯҳи Булӯр,
Дар соҳили дарёи Нур,
Дар лонаи хурди ҳасин
Як ҷондори бахмалин —
Ду появу бешоҳу сум,
Гардандарози калтадум.
Бузголаҳоро чун бидид,
Чун ҳаппаке аз ҷо ҷаҳид,
Чи-чикунон,
Пи-пикунон,
Зад ғӯта бар оби равон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё