Зеҳн
Сурнайчӣ

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳо барои кӯдакон буда, бо забони сода ва равон навишта шудааст. Шеърҳо олами кӯдакона, дӯстӣ ва сурудҳои миллиро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 33 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

АЛОЯКУ БУЛОЯК

Дар соҳили Дарёи Нур,
Дар домани Кӯҳи Булӯр,

Э, ҷӯраҳо, як қисса шуд!
Дилҳо ҳама сад ҳисса шуд:

Дар дашти кони лолаҳо
Ду додари бузголаҳо
Якто Ало,
Якто Було,
Ду ҷангара,
Шӯхи бало

Вақти чаридан ногаҳон
Гумгашта бе ному нишон.

Аз зӯрии ин доғи худ
Додо шикаста шоҳи худ.

ПАС оҷааш «вой, дод!» кард,
Аз дасти ғам фарёд кард:

— Э, во, Ало!
Э, во, Було!
Афтодаед охир куҷо?

пешина
аз 33
навбатӣ