Сурнайчӣ

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳо барои кӯдакон буда, бо забони сода ва равон навишта шудааст. Шеърҳо олами кӯдакона, дӯстӣ ва сурудҳои миллиро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 33 саҳифа
Говон хӯранд, сер шаванд,
Шир диҳанд ба моён!»
Андар биёбон
Дар авҷи гармо,
Пари паранда
Сӯзад дар ҳаво.
Трактор овард
Манори оҳан,
Часпид бар кор
Мардуми ҷоҳкан.
Дар шаби торик,
Дар рӯзи равшан
Замин шикофад
Пармаи оҳан.
Шикофад одам
Замини заранг.
Ҳосилаш нигар —
Рэгу гилу санг.
Чил ҷои дигар
Парма шикофид.
Нест обу зар,
Ҳаст як умед.
Аз чилу якум
Ана, якбора
Оби каб-кабуд
Зада фаввора.
Ҳай-ҳай! Чӣ обе!
Обаки ширин!
Ҳосили ҷаҳду
Арақи ҷабин!
— Рафиқи деҳқон,
Шуд фурсати кор!
Конҳои нав
Моро интизор!
Муҳоҷир омад
Аз Гарму Дарвоз.
— Ин ҷо мешавад
Замини совхоз.
Замини хуфта,
Бедор шав аз хоб!
Пахта медиҳӣ
Бар ивази об!
Бишуд биёбон
Боғу бӯстон
Бо гулу гулшан,
Бо роҳи калон.
Шаҳри обшор,
Шаҳри навбаҳор,
Шаҳри мардикор,
Номаш — Пахтакор!
Шаҳри почадор
Кӯчид он замон
Аз дашту ёбон
Сӯи регистон.
Андар регистон
Зиндагонӣ сахт.
Саксавул рӯяд
Ба ҷои дарахт.
Дар худи ҳаво
Буғ шавад борон.
Гум шавад рама
Дар рег бӯрон.
Аммо зери рег
Нафту газ ниҳон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё