Сурнайчӣ

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳо барои кӯдакон буда, бо забони сода ва равон навишта шудааст. Шеърҳо олами кӯдакона, дӯстӣ ва сурудҳои миллиро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 33 саҳифа
Бе троллейбус,
Бе роҳи калон.
Шаҳри беанҳор,
Шаҳри бебозор.
Шаҳри безавод —
Шаҳри мардикор.
Машина овард
Манори оҳан,
Часпид бар кор
Мардуми чоҳкан.
Фасли баҳорон —
Фасли хуши гул.
Пур гашта олам
З-овози ғул-ғул.
Дар шаби торик,
Дар рӯзи равшан,
Замин шикофад
Пармаи оҳан.
Шикофад одам
Замини заранг.
Ҳосилаш аммо
Регу гилу санг.
Чоҳи сию нӯҳ
Парма шикофид,
Нест обу зар,
Ҳаст як умед.
Аз чоҳи чилум
Саҳар ногаҳон
Парма баровард
Реги зарафшон.
— Ура! — бигуфтанд,
Ана, кони зар!
Парид бар ҳаво
Мушаки зафар.
Кӯҳкан, биё,
Шуд фурсати кор!
Кони зари нав
Моро интизор!
Кӯҳкан омад,
Масъала шуд ҳал:
— Завод месозем
Дар кӯҳи Бахмал!
Эй, кӯҳи Бахмал,
Бо дасти моён
Ба сари Ватан,
Биё, зар афшон!
Шуд кӯҳи Бахмал
Шаҳри ободон,
Бо гулу гулшан,
Бо роҳи калон.
Шаҳри обшор,
Шаҳри навҷавон,
Шаҳри мардикор,
Номаш — Зарафшон!
Шаҳри почадор
Кӯчид он замон
Аз кӯҳи Бахмал
Сӯи биёбон.
Андар биёбон
Борон камнамо.
Андар биёбон
Хонад бачаҳо.
«Борон борад ба ёвон,
Алаф шавад ба говон,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё