Зеҳн
Сурнайчӣ

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳо барои кӯдакон буда, бо забони сода ва равон навишта шудааст. Шеърҳо олами кӯдакона, дӯстӣ ва сурудҳои миллиро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 33 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ШОҲТУТ

Дар тани шоҳтути тар
Канд ба досаш писар
Номи худашро «Самар»,
Кард ба роҳаш гузар.

Баъди вай омад дигар,
Канд ба неши табар:
«Шаҳтута хӯрдам. Қамар»
Низ бирафт аз назар.

Хӯрда тутӣ созвор,
Сеюмӣ омад ба кор:
«Девонаев Ёдгор,
Июли 74»

Чорумӣ тут хӯрду шишт,
Пашшаи лаб гуфта кишт,
Сонӣ чӣ?
Бо теғи хишт
«Лайлию Маҷнун» навишт.

Ҳаркӣ ба ин ҷо расид,
Меваи шаҳтут чашид,
Корд ба ҷонаш кашид,
Хун зи шаҳтут чакид.

Шуд тани тут пуряра,
Ҷонаки тут бефара,
Рехт туташ яксара,
Бемаза шуд манзара.

Дида ҳаминро Замон,
Сӯхта то устухон,
Канд ба мехи калон
Дар тани тут «Аблаҳон»!

Гуфт тут: аз аблаҳон
Монда будам нимаҷон?
Кистӣ, ту, эй Замон,
Кардӣ тамомам хазон?

пешина
аз 33
навбатӣ