Зеҳн
Сурнайчӣ

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳо барои кӯдакон буда, бо забони сода ва равон навишта шудааст. Шеърҳо олами кӯдакона, дӯстӣ ва сурудҳои миллиро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 33 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ПУШАЙМОНӢ

Во, поям-е!
Во, поям!
Акнун ба ду асоям!
Ҳамин, магар, давоям?
Во, поям-е!
Во, поям!

Во, дастам-е!
Во, дастам!
Ба гарданам бубастам,

Пеши табиб нишастам.
Во, дастам-е!
Во, дастам!

Во, гӯшам-е!
Во, гӯшам!
Дарида чун калӯшам!
Канда туро фурӯшам!
Во, гӯшам-е!
Во, гӯшам!

Во, биннем-е!
Во, биннем!
Задӣ ту бар машинем,
Э, марги ақли ҷиннем!
Во, биннем-е!
Во, биннем!

Во, каллем-е!
Во, каллем!
Касофати ту шаллем
Бинти табибӣ — саллем!
Во, каллем-е!
Во, каллем!

Во, ҳушам-е!
Во, ҳушам!
Нагуфтӣ бар ду гӯшам:
Пайраҳагардӣ кӯшам.
Во, ҳушам-е!
Во, ҳушам!

Во, дардам-е!
Во, дардам!
Худ ба худам чӣ кардам?
Паси машин чӣ гардам?
Во, дардам-е!
Во, дардам!

Во, ҷонам-е!
Во, ҷонам!
Намеравад забонам.
Илоҳӣ, зинда монам!
Во, ҷонам-е!
Во, ҷонам!

пешина
аз 33
навбатӣ